Ба гузориши манобеи хабарӣ, Билол Тайиб, пажӯҳишгари таърих ва рӯзноманигори яманӣ аз кашфи Қуръони таърихӣ дар устони Таизи Яман хабар дод, ки қидмати он ба авоили қарни шонздаҳуми мелодӣ мерасад.
Бо онки ин Қуръон дар китобхонаи содаи масҷиди «Тайиб» дар рустои Ал-Маойин воқеъ дар бахши Сабрул-Мудоми Таиз кашф шуда ва ба назар мерасад аз як оташсӯзӣ наҷот ёфтааст.
Вай таъкид кард: бахше аз Қуръон дар асари оташсӯзӣ осеб дида ва ниме аз он ба таври мӯъҷиза осое солим боқӣ мондааст.
Ба гуфтаи Тайиб таъйини дақиқи умри ин мусҳафи таърихӣ ниёзманди кори бостоншиносӣ аст бо ин ҳол ба назар мерасад ин мусҳаф дар замони сохти масҷиди ёдшуда дар авоили ҳузури Усмониён дар Яман китобат шудааст.
Масҷиди Тайиб дар авосити қарни даҳуми ҳиҷрии қамарӣ дар авоили ҳузури Усмониён дар Яман сохта шуд.
Тибқи як санади қадимӣ сохти масҷид дар муҳаррамул ҳароми 956 қ / феврали 1549 мелодӣ ва аз вуҷӯҳи мавқуфае, ки барои он ихтисос дода шудааст.
Ба гуфтаи Билол Тайиб, муҳаққиқ ва муваррих, ба эҳтимоли зиёд бинои масҷид аз сӯи Амрзатибни Насӯҳ, нахустин ҳокими усмонии вилояти Яман сохта шудааст. Вай мавқуфоте аз ҷумлаи се дуконро низ ба ин масҷид ихтисос додааст.