IQNA

Нахуствазири Тайланд; Мизбони зиёфати ифторӣ

11:47 - March 22, 2024
рақами хабар: 1245
ИКНА - Зиёфати ифторӣ ба мизбонии нахуствазири Тайланд бо ҳузури шайхулисломи ин кишвар ва ҷамъи дигар аз намояндагони кишварҳои исломӣ шаби гузашта, дувуми фарвардин моҳ, дар ҳутели «Ал-Мирос»-и Бангкок баргузор шуд.

Ба гузориши ИКНА аз Тайланд, Серта Тювисин, нахуствазири Тайланд дар ин маросим аз ҳамаи мусулмононе, ки бо қудрат ва саршор аз имон ба Худованд, таколифи динии худро анҷом медиҳанд, тамҷид кард.

Вай зимн ишора ба фазилатҳои рӯзадорӣ дар моҳи рамазон гуфт: рӯзадорӣ як ибодат барои мусулмонон буда ва мӯҷиби наздикии онҳо ба Худованд мешавад.

Нахуствазири Тайланд ҳамчунин моҳи Рамазонро фурсате барои тадаббур дар оёти Қуръон унвон кард ва афзуд; Мусулмонон аз оёти ин китоби осмонӣ барои пойбандӣ ба усули зиндагӣ, поксозии зеҳн ва ҷисм, некӣ кардан, бахшидани ҳамдигар ва кумак ба ҳамнавъон, ки мунҷар ба ишқ, ваҳдат, сулҳ ва ҷомеаи ором мешавад, баҳра мебаранд.

https://iqna.ir/00HeLi

captcha