IQNA

Афзоиши 2 баробарии ширкаткунандагон дар эътикофи рамазонии Масҷидулҳаром

21:40 - March 24, 2024
рақами хабар: 1259
ИКНА - Теъдоди афроде, ки имсол метавонанд дар маросими эътикофи рамазонии Масҷидулҳаром ширкат кунанд, ду баробари соли гузаштааст.

Ба гузориши манобие хабарӣ, як мақоми Саудӣ эълом кард имсол 6 ҳазор нафар метавонанд дар маросими эътикофи ин масҷид дар моҳи рамазон ширкат кунанд.

Абдулмуҳсин Ал-Ғомидӣ, раиси бахши иршод ва мушовираи тавлияти масҷид, гуфт: ин теъдод афзоиши сад дарсад нисбат ба соли гузаштаро нишон медиҳад.

Абдулмуҳсин Ал-Ғомидӣ, афзуд: ҳазор нафар аз саҳмияи эътикоф ба бонувон ихтисос хоҳад дошт. 
Ба гуфтаи вай имсол се табақа аз Масҷидулҳаром ба ширкат кунандагони маросими эътикоф ихтисос ёфтааст.

Эътикоф маъмулан дар 10 рӯзи охири моҳи мубораки Рамазон баргузор мешавад.

Сабтином барои ширкат дар эътикофи Масҷидулҳаром дар рӯзи ҳафтуми моҳи мубораки Рамазон оғоз шуд ва то замони такмили зарфият идома хоҳад ёфт.

https://iqna.ir/fa/news/4206874

captcha