Ба гузориши ситоди хабарии намоишгоҳи байналмилалии Қуръон, Иброҳим Муҳаммад Ал-Дайламӣ, сафири Яман дар Эрон, ҳамзамон бо чаҳорумин шаб аз сиюякумин намоишгоҳи байналмилалии Қуръони Карим аз бахшҳои мухталифи ин намоишгоҳ боздид кард.
Иброҳим Муҳаммад Ал-Дайламӣ, соате пас аз ифтор дар бахши байналмилалии намоишгоҳ ҳузур ёфт ва аз наздик бахшҳои мухталифро боздид кард.
Вай ҳамчунин бо масъулин бахшҳои мухталифи қуръонӣ гуфтугӯ кард.
Сиюякумин давраи намоишгоҳи байналмилалии Қуръони Карим, ки дар бахши байналмилалӣ низ намояндагоне аз 25 кишвар дорад, то 14 фарвардин 1403 дар мусалло имом Хумайнӣ (рҳ) ҳар рӯз аз соати 17:30 то 30 дақиқаи бомдод пазирои алоқамандон ба Қуръони Карим аст.