IQNA

Қуръони тиллоӣ як миллион долларӣ дар намоишгоҳи китоби Доҳа + филм

20:35 - June 19, 2023
рақами хабар: 128
Нусхаи камёб аз Қуръони Карим ба арзиши як миллион доллар дар намоишгоҳи байналмилалии китоби Доҳа ба намоиш гузошта шудааст.

Ба гузориши "ИКНА" ба нақл аз "Ашшарқ", намоишгоҳи байналмилалии китоби Доҳа дар 32мин давраи худ, ки ин рӯзҳо дар маркази ҳамоишҳо ва намоишгоҳҳои Доҳа дар ҳоли баргузорӣ аст, шоҳиди намоиши маҷмӯае аз нусхаҳои Қуръони камёб дар сатҳи фаннии хат ва хушнависӣ ва арзиши таърихии он аст.

Муассисаи интишороти Ҳунар ва Тиҷорати ҷаҳонӣ гузориш додааст, ки нусхаи дастнависе аз Қуръони Карим ба арзиши як миллион доллар дар намоишгоҳи байналмилалии китоби Доҳа ба намоиш гузошта шудааст.

Ин нусхаи Қуръони Карим марбут ба соли 1180 ҳиҷрии қамарӣ аст ва аз рӯи ҷилд то хутути матни он ба тилои 24 аёр зинат дода шудааст.

Ин Қуръон бо таваҷҷӯҳ ба инки як нусхаи нафис ва гаронбаҳо марбут ба давраи салтанати Усмонӣ аст, нусхаи камёб ва мунҳасир ба фард дар ҷаҳон ба шумор меравад.

Рӯзномаи Қатрии Ашшарқ ҳам эълом кард, ки кори китобат, тазҳиб ва тазъини ин Қуръон тавассути "Зода Мустафо Афандӣ", машҳуртарин хушнависи даврони Усмонӣ анҷом шудааст.

Муслим Сақо Аминӣ, мудири интишороти Ҳунар ва Тиҷорати ҷаҳонӣ дар хусуси имкони фурӯши ин нусхаи Қуръони Карим дар сурати вуҷуди харидор гуфт: мутахассисон ва ё касоне, ки дар ин замина фаъолият мекунанд, ин қиматро рӯи он гузоштаанд ва интишорот эҳтимолан ба фикри фурӯши ин нусхаи камёб низ бошад.

код

https://iqna.ir/fa/news/4148385

captcha