Ойини эҳёи шаби нуздаҳуми моҳи мубораки Рамазон бо ҳузури зоирон ва азодорони Мавлалмуваҳҳидин дар ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Алӣ (а) дар Наҷафи Ашраф баргузор шуд.

Ба гузориши ИКНА, ҳамзамон бо шаби зарбатхӯрдани ҳазрати Алӣ алайҳиссалом дар меҳроби ибодат ва нахустин шаби Қадр дар нуздаҳуми моҳи мубораки Рамазон остони муқаддаси алавӣ мизбони ошиқони Аҳли байт ва зоироне буд, ки сӯгвори мавлояшон буданд ва дар нахустин шаби Қадри Қуръон ба сар гирифтанд ва навои Алғавс Алғавс сар доданд.








