IQNA

Дурахшиши намояндагони Эрон дар мусобиқаи байналмилалии Қуръони Ироқ + акс

20:14 - April 01, 2024
рақами хабар: 1305
ИКНА - Намояндагони Эрон муваффақ шуданд рутбаи севумро дар ду гурӯҳи синнии навҷавонон ва бузургсолон дар нахустин давраи мусобиқаи байналмилалии тиловати Қуръони ҷоизаи «Ал-Амид»-и Ироқ касб кунанд.

Ба гузориши веб-сайти шабакаи ҷаҳонии Кафил, нахустин давраи мусобиқаи байналмилалии телевизионии «Ҷоизаи Ал-Амид» вижаи тиловати Қуръон аз сӯи маҷмаъи илмии Қуръони остони муқаддаси Аббосӣ ва бо мушорикати қориёни аз 21 кишвари арабӣ ва хориҷӣ баргузор шуд.

Бар асоси ин гузориш, дар марҳалаи финали ин мусобиқа 5 қорӣ дар гурӯҳи синнии бузургсолон ва 5 қорӣ дар гурӯҳи синнии навҷавонон ба рақобат пардохтанд, ки дар гурӯҳи синнии навҷавонон ба тартиб «Муҳаммад Абубакр» аз Покистон, «Аҳмадҳасан Ҳамза» аз Ироқ ва «Ёсини Ғуломӣ» аз Эрон рутбаҳои аввал то севумро касб карданд.

Ҳамчунин дар гурӯҳи синнии бузургсолон, «Аҳмад Ҷамол Ал-Ркобӣ» аз Ироқ, «Маҳмудсаид Абдуллоҳ» аз Миср ва «Маҳдии Раҳматуллоҳи Тақипур» аз Эрон ҳоизи рутбаҳои аввал то севум шуданд.

Таҷлил аз нафароти бартари ин мусобиқа ва аъзои кумитаи доварон бо ҳузури Сайид Лайс Ал-Мусавӣ, узви Шӯрои идории остони Аббосӣ баргузор ва ба нафароти бартари рақобатҳо ҷавоизи молӣ аз сӯи остони ҳазрати Аббос (а) эҳдо шуд.

 

 

https://iqna.ir/fa/news/4207826

captcha