Ба гузориш хабарнигори ИКНА, марҳалаи ниҳоӣ ва ихтитомияи мусобиқоти Қуръони Карими Мишкот асри рӯзи шанбе 18 фарвардин ҳамзамон бо азони мағриб ва иқомаи намози ҷамоат бо ҳузури ҷамъе аз мудирон ва чеҳраҳои қуръонии кишвари Эрон дар Теҳрон бо тақдир аз баргузидагон баргузор шуд.
Ин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карими Мишкот дар бахши мардумӣ ба манзури нашри маорифи Қуръони Карим ва таҳкими иттиҳоди уммити исломӣ ва ҳамчунин такрими қориён ва ҳофизони ҷаҳони ислом, ба сурати маҷозӣ аз сӯи муассисаи пайравони Мишкоти Қуръон ва Итрат баргузор шуд.
Дар ин марҳала рақобати 9 қории бартари мусобиқоти байналмилалӣ ва мардумии Қуръони Карими Мишкот дар риштаи қироати тақлидӣ азҷмла Ҳамидуллоҳ Файёзӣ аз Афғонистон, Умарсолим Алӣ Оли Ҳамид аз Ироқ, Шамсури Абдуллоҳ аз Индонезия, Ҳаҳоб Аҳмадҳасан Аҳмад аз Миср, Муҳаммадусмон Ғанӣ аз Банглод, Иброҳим Буғолиб аз Белгия, Алиризо Одилӣ аз Покистон, Мирҳусайн Анворӣ ва Алии Зокирӣ аз Эрон анҷом шуд.
Бар ҳамин асос ва баъд аз доварии 9 асари роҳёфта ба марҳалаи ниҳоии ин мусобиқот ба тартиби Ҳамидуллоҳ Файёзӣ аз Афғонистон, Шамсури Абдуллоҳ аз Индонезия ва Алии Зокирӣ аз Эрон нафароти аввал то севуми ин давра аз мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карими Мишкотро ба худ ихтисос доданд.
Ҷавоизи ин давра аз мусобиқот барои нафари аввали ҳар ришта 100 миллион тумон, нафари дувум 80 миллион тумон ва нафар севум 70 миллион тумон дар назар гирифта шудааст ва баъд аз нафари севум то ҳафтум ҳар кадом 10 миллион тумон дар назар гирифта шудааст.