IQNA

Баргузории маҳфилии қуръонии остони Аббосӣ дар Сенегал + акс

20:16 - April 09, 2024
рақами хабар: 1343
ИКНА - Идораи умури фикрӣ ва фарҳангии остони муқаддаси Аббосӣ ба намояндагӣ аз маркази мутолиоти Африқо маҳфили қуръонии моҳи мубораки Рамазонро дар кишвари Сенегал баргузор кард.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, барномаи «Суфраи Ал-Кафил» маҳфили қироати Қуръон ва қироати адъияи моҳи мубораки Рамазон аст, ки дар кишваир Африқоии Сенегал аз сӯи остони муқаддаси Аббосӣ дар Дакар, пойтахти Сенегал баргузор шуд.

Дар ин маҳфили қуръонӣ шайх Мустафо Дебо, намояндаи маркази мутолиоти Африқо дар Сенегал, тайи суханоне дар бораи аҳамияти ҳамзистии мусоламатомез миёни ақшори мухталифи ҷомеа ва тарғиби афрод бар тақвияти рӯҳияи муҳаббат ва ҳамзистӣ ба манзури эҷоди ҷомеаи саршор аз дӯстӣ ва муҳаббат суханронӣ кард.

Маркази мутолиоти Африқо вобаста ба остони муқаддаси Аббосӣ бо эъзоми мубаллиғони худ ба кишварҳои африқоӣ дар ростои омӯзиши усули дини Имлом ва омӯзаҳои он ва иҷрои барномаҳои таблиғӣ, фикрӣ ва башардӯстона фаъолият мекунад.

برگزاری محفل قرآنی ماه رمضان در سنگال از سوی آستان عباسی + عکس

برگزاری محفل قرآنی ماه رمضان در سنگال از سوی آستان عباسی + عکس

برگزاری محفل قرآنی ماه رمضان در سنگال از سوی آستان عباسی + عکس

https://iqna.ir/00Hf6Q

captcha