Ба гузориши манобеи хабарӣ, оятуллоҳ Исо Қосим, раҳбари шиаёни Баҳрайн, дар суханоне ба муносибати иди саиди Фитр таъкид кард: зиндониёни баҳрайнӣ бо вуҷуди ҳамаи талошҳои мустамар ва ваҳшёна барои ба зону даровардани онҳо ва тағйири шахсият, зеҳният ва шуҷоати онҳо, шикастхӯрда вориди зиндон нашуда ва шикастхӯрда низ аз зиндон хориҷ нашуданд.
Вай афзуд: он чи муборизони Баҳрайниро ба зиндон андохт, ҷиҳод ва ҳимояти онҳо аз Ислом ва каромати инсонии онҳо ва пофишорӣ бар мутолибаи ҳуқуқашон ва шарофатмандии онҳо буд.
Шайх Исо Қосим идома дод: Ин чизе, ки муъминон аз он бисёр хушҳол ва шодмон мешаванд, бахши кӯчаке аз ҳаққи ғасб шудаи онҳост. Агар сулҳталабӣ вуҷуд дошта бошад, мо аввалин сулҳталбон ҳастем ва ҳангоме, ки қудрат мехоҳем, хоҳони бадбахтии инсон нестем балки иззати инсонро мехоҳем.
Раҳбари шиаёни Баҳрайн бо баёни инки дастёфтан ба ҳақ ба маънои адолат нест, таъкид кард: адолат он аст, ки ҳаққи ҳаққдор ба таври комил дода шавад ва адолат ба таври комил иҷро шавад.
Шайх Қосим изҳор кард: зиндониёне, ки аз зиндон озод шудаанд, дар лаҳзаи хурӯҷашон аз зиндон бародарони зиндонии худро аз ёд набурдаанд. Ин амри бисёр хуб ва бузург ва нишонаи инсоният ва диндорӣ аст.
Вай дар поён таъкид кард: агар масири гуфтугӯ баста шавад ва аз он ҷилавгирӣ ба амал ояд, аз масири бахшиш, ҷиҳод, фидокорӣ ва талоши мустамар дар роҳи иқомаи ҳаққ кӯтоҳ нахоҳем омад.
https://iqna.ir/00HfEV