Ба гузориши манобеи хабарӣ, бар асоси эълони аввалияи Шӯрои уламои маркази Исломии кишвар, дар соли ҷории мелодӣ иди саиди Қурбон рӯзи чаҳоршанбе 28 июн хоҳад буд.
Бар асоси гузориши кумитаи умури дини кишвар, расман замони дақиқи таҷлили иди саиди Қурбон дар ҷаласаи Шӯрои уламои маркази Исломии кишвар, ки рӯзи чаҳоршанбе ҳафтаи ҷорӣ баргузор мешавад, эълон хоҳад шуд.
Ба манзури тадовуми таътилоти бидуни вақфа бинобар тасмим «дар бораи интиқоли таътилот ба соири рӯзҳои корӣ», шанбе 24 июн ба ҷои рӯзи душанбе кор ва душанбе 26 июн ба ҷои рӯзи шанбе таътил хоҳад буд.
Бадин тартиб, мардуми кишвар ҳафтаи оянда 4 рӯзи пайд дар пай (аз ҷумла якшанбе 25 июн, ки таътили ҳафтаӣ аст, душанбе 26 июн, сешанбе 27 июн (рӯзи ваҳдати миллӣ) ва чаҳоршанбе 28 июн (иди саиди Қурбон) истироҳат хоҳанд кард.
Ҷашни идҳои мазҳабии мусалмонон ҳамасола дар рӯзҳои гуногун аз моҳи июн то сентябр ҷашн гирифта мешавад.
Чунин тафовути калони ҷашнгириро бо он шарҳ медиҳанд, ки тақвими мусалмонӣ тақрибан 354 рӯзро ташкил медиҳад, ки аз соли офтобӣ 10 ё 11 рӯз камтар аст. Маҳз ҳамин номутобиқӣ сабаб мешавад, ки таҷлили ин идҳо ба вақтҳои гуногун рост меояд.
Тибқи анъана, ҳар мусалмон бо риояи қоидаҳои муайян, бояд як қӯчқор ё говро қурбонӣ кунад.
манбаъ: Tajikpress.com