Ба гузориши Алҷазира, ҷунбиши донишҷӯии ҳомиёни Ғазза алорағми дастгириҳои полис, дар ҳоли густариш дар саросари Иёлоти Муттаҳида ва Аврупо аст.
Дар пайи эътирози донишҷӯёни Амрико ба режими палид ҷа ҷинояткори саҳюнистӣ, неруҳои полиси Амрико ба як устоди донишгоҳи Вашингтон дар Сент-Луис ба хотири тасвирбардорӣ аз бархӯрди онҳо бо донишҷӯёни ҳомии миллати Фаластин ҳамла кард.
Рӯзномаи The Guardian дар гузорише ба иқдоми ғайри масъулона ва ғайри зарӯрии Григорий Фанос, раиси донишгоҳи умӯрӣ (Emory) Амрико барои тамос бо полис пардохта ва фазои ин донишгоҳро пас аз ҳузури неруи полис дар он, ба «минтақаи ҷангӣ» ташбеҳ кардааст.
Пас аз тамоси раиси Донишгоҳи Эмори бо полис, даҳҳо афсари полиси Атланта сарбозони иёлати Ҷорҷия вориди ин муҳаввата академик шуда, 28 нафар аз ҷумла се узви ҳайати илмӣ ва теъдоди номушаххасе аз донишҷӯён аз Эмори ва дигар донишгоҳҳои Атлантаро дастгир карданд.
Видеое аз эҳтизози парчами ё Ҳусайн дар тазоҳуроти ҳомиёни Фаластин дар Лондонро мушоҳида мекунед.