Ба гузориши манобеи хабарӣ, китоб фурӯшии Питер Харрингтони Лондон, як нусхаи чинӣ аз Қуръони Каримро, ки ба сабуки ғайри маъмӯл китобат шуда ва қидмати он ба қарни ҳафдаҳуми мелодӣ мерасад, дар намоишгоҳи байналмилалии китоби Абу-Даби 2024 ироа кардааст. Ин нусха дар қолаби маҷмӯъаи истисноӣ аз нусхаҳои хаттии камёб ба намоиш даромада аст.
Ин нусхаи хаттии Қуръон ба давраи байни авохири силсилаи Минг авоили силсилаи Чинг бармегардад ва шомили сӣ ҷилд аст, ки ба шакли ҷолибе тазъин шудааст, ин нусха аз аввалин насахе аст, ки ба шеваи чинӣ китобат шудааст.
Ин нусхаи мунҳасирбафард аз Қуръони Карим, санади равшан аз табодули фарҳангии фаъол байни Шарқ ва Ғарби Осия дар давраи ренессанс аст. Ин санад ба қимати 65000 павнд Стерлинг, муодили тақрибан 300000 дирҳами иморотӣ арза шудааст.
Дар авосити қарни чаҳордаҳуми мелодӣ, чопи Қуръони Карим дар Чин густариш ёфт ва алоқа ба тазъин ва намоиши он ба зеботарин шакли мумкин ба эҳтироми мақоми волои он дар миёни мусулмонони чинӣ афзоиш ёфт.
Ҷилди нуҳуми ин маҷмӯъа ҳовии ёддоште ба забони форсӣ аст, ки ба назар мерасад байни ҳунармандони чинӣ ва ҳамтоёни онҳо дар Эрон ҳангоми нигориши ин нусха аз Қуръони Карими иртибот вуҷуд доштааст.
Ҷилди аввали ин нусха аз Қуръони Карими дорои тарҳи зебо ба ранги тиллоӣ ва мишкӣ аст, ки бо нуқуши чинӣ аз ҷумла гули нилӯфари обӣ ва шабакае аз гулҳои чаҳорпарии дарҳамомехта шуда, дарҳоле ки ҷилди нусха ба рангҳои қирмиз ва сиёҳ бо хушнивисии мунҳасирбафард ва тазҳиби зебои тазъин шудааст.
Дар бақияи муҷалладот аз мураккаби қирмиз барои нишон додани тамоюзи сӯраҳо ва оёт ва тасҳеҳот мавриди истифода шудааст, дар ҳоле ки бисёре аз муҷалладот шомили замоими адъия ва бархе аз онҳо ҳовии тавзеҳоте дар ҷилд ва сафаҳоти аввал аст.
Пом Харрингтон, соҳиби китоб фурушии Питер Харрингтони Лондон,, мегуяд: ин нусха ҳокӣ аз табодулоти фарҳангӣ ва намӯнае бориз аз мутуни мазҳабӣ аст, ки дар он замон бо маҳорати боло омода мешуд. Ин нусха ҳамчунин аз зеботарин нусхаҳои Қуръон Карим буда, ки ба сабки талфиқӣ аз ҳунари китобат ва нигоргарии исломӣ ва чинӣ китобат шудааст.
Намоишгоҳи байналмилалии китоби Абу-Даби аз 29 апрел оғоз шуда ва то 5 май идома хоҳад дошт.
https://iqna.ir/00Hg35