Корвони Қуръонии "Нур" имсол бо ҳузури 20 қорӣ ва ҳофизи Қуръони Карим аз 12 устон озими сарзамини ваҳй шудааст то зимни иҷрои барнома ва барпоӣ маҳофили қуръонӣ дар байни зоирони Байтуллоҳилҳаром ва Мадинаи Мунаввара, эҳтимоми ҷиддии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба тарвиҷи фарҳанги унси бо Қуръонро байни ҳуҷҷоҷи дигар кишварҳо мунъакис кунад.
Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Муҳаммад Исмоили Хуршедӣ аз аъзои корвони Қуръони Нур дар гуфтугӯ бо "ИКНА" бо ишора ба фаъолитҳои шохиси корвони Қуръонии Нур ва барномаҳои феълӣ ва пеши рӯи он изҳор кард: корвони Қуръонии Нур як ҳавзаи фаъолитӣ дорад ва табъан бештар кори он ба барномаҳои Баъсаи мақоми муаззами раҳбарӣ маътуф мешавад. Ин барномаҳо бо унвони барномаи унс ва муаррифӣ шинохта мешаванд, ки дар он суханронӣ, маддоҳӣ ва тиловати маҷлисии Қуръони Карим ба муддати 10 то 15 дақиқа анҷом мешавад.
Вай бо ишора ба барномаҳои дигари корвони Қуръонии Нур гуфт: яке дигар аз барномаҳо Мадинашиносӣ аст, ки дар ин барнома ҳам баҳси тиловати Қуръонро дорем.
Узви корвони Қуръонии Нур навъи дигари барномаҳои корвони Қуръониро дар мабоҳиси муноҷотхонӣ, дуои Кумайл ва Нудба ва ҳамчунин ҷаласоти рӯҳониюн донист.
Хуршедӣ бо баёни инки таҳаввул дар барномаҳои Қуръониро дар ҳаҷҷи имсол шоҳидем, тасреҳ кард: ин иттифоқ нисбат ба гузашта фароҳамтар шудааст ва қатъан ин мавзӯъ ба баракати таъкидоти вижаи мақоми Муаззами раҳбарӣ аст.
Вай дар хусуси истиқболи Арабистон аз корвони қуръонӣ гуфт: ҳалқаҳои Қуръонии Масҷидуннабӣ рӯзҳои ҷумъа ва шанбе баргузор мешавад ва мо низ дар ин ҳалқа ширкат кардем ва банда ва устод Абулқосимӣ тиловати Қуръон доштем. Ҳатто бо садои баланд дар ҷамъи ҳалқаҳои Қуръонии Арабистониҳо ва дигар кишварҳо тавфиқи тиловат доштем. Ин барномаҳо ҷудо аз ҳалқаҳои Қуръонии корвони эронӣ буд. Аммо агар иҷоза бидиҳанд мо садоямон каме баландтар бошад мардум бештар истиқбол мекунанд, аммо дар ҳалқаҳои Қуръонии худашон роҳаттар Қуръон мехонем ва ҷолиб аст, ки доиман аз мо мепурсанд, аҳли куҷо ҳастед?
Хуршедӣ идома дод: агар зоирони хонаи Худо бо ин оёт унс бигиранд, қатъан ба гунаи дигар ин сафари рӯҳониро дарк мекунанд; Лизо агар битавонем оёти Қуръон махсусан оёте, ки иртиботи мустақим ба баҳси ҳаҷ ва сираи Пайғамбар дорад ба шакли малмус баён ва дар канори тиловати паёмҳои ин оётро мунтақил кунем барои мо муваффақияти бисёр бузурге хоҳад буд.