IQNA

Намоз меҳвари назм дар зиндагии муъминона

10:41 - May 08, 2024
рақами хабар: 1467
ИКНА - Меҳвари назм дар зиндагии як мусулмон ибодати Худованд аст ва ба ҳамин далел иқомаи намозҳои панҷгона ба танзими умуроти инсон дар тайи рӯз меанҷомад.

 

 

Аз ҷумла масоиле, ки мӯҷиби назми мусулмонон мегардад, барномаҳои динии замонбанди шудааст; Барои мисол Қуръони Карим барои рӯзаи моҳи мубораки Рамазонро муаян намуд, ки нишонаи оғоз ва поёни он рӯъяти ҳилоли моҳ аст ва ибтидо ва интиҳои мушаххасе дорад (Бақара: 187). Ҳамчунин барои анҷоми ибодатҳои чун намоз вақт ва барномае дақиқ танзим кард: أَقِمِ الصَّلَاةَ لِدُلُوكِ الشَّمْسِ إِلَى غَسَقِ اللَّيْلِ وَقُرْآنَ الْفَجْرِ» (Исро: 78).

Ҳазрати Алӣ Алайҳиссалом, ба Муҳаммад ибни Абибакр фармуданд: «Намозро дар вақти муқаррараш бихон ва барои осуда шудан онро ҷилав ва ба ҷиҳати иштиғол ба коре онро ба таъхир маяндоз ва бидон кӣ, ҳамаи корҳоият тобеъи намозт аст». Аз инру иқомаи намозҳои панҷгона ба танзими умуроти инсон дар тайи рӯз меанҷомад. Омӯхтан ва амал ба тартиби аъмол, азкор ва рафтор дар намоз ва муқаддамоти он ба навъе мӯҷиби тарбият ва интизоми зеҳни инсон мешавад.

Иқомаи дастаҷамъии намози ҷамоат низ навъе тамрин ва амали мубтанӣ бар назм ва ҳамоҳангӣ аст. Расули Худо(с) дар бораи назм дар намози ҷамоат фармуданд: «Эй мардум, (дар намози ҷамоат) сафҳои худро рост кунед ва шонаҳоро ба якдигар бичасбонед то шикофе миёнатон набошад! бо якдигар мухолифат накунед, ки дар он сурат Худо миёни қалбҳои шумо хилоф меандозад ва бидонед, ки ман шуморо пушти сари худ мебинам».

Муъминон ҳамчунин дар умури иҷтимоӣ муназзам ва ҳамоҳанг ҳастанд ва ҳамаи корҳояшонро ба вижа дар масоили муҳим ва сарнавиштсоз сирфан бо изни раҳбари ҷомеа анҷом медиҳанд. Агар фарде ин шартро амал накунад, дар зумраи муъминони ҳақиқӣ қарор намегирад: «إِنَّمَا الْمُؤْمِنُونَ الَّذِينَ آمَنُوا بِاللَّهِ وَرَسُولِهِ وَإِذَا كَانُوا مَعَهُ عَلَی أَمْرٍ جَامِعٍ لَمْ يَذْهَبُوا حَتَّی يَسْتَأْذِنُوهُ» (Нур: 62).

captcha