IQNA

Мутарҷими Қуръон ба забони англисӣ:

Ҷанги Ғазза истиқболи ғарбиҳо аз Қуръонро дучандон кард

11:33 - May 08, 2024
рақами хабар: 1470
ИКНА - Мушарраф Ҳусейн, мутарҷими мавзӯии Қуръони Карим ба забони англисӣ гуфт: ҷанги Ғазза мӯҷиби афзоиши алоқаи тоза мусулмонон ба мутолиаи тарҷумаи Қуръон ба забони англисӣ ва қироати ин китоби осмонӣ барои фаҳми дини Ислом шудааст.

Ба гузориши ИКНА, доктор "Мушарраф Ҳусейн" муаллифи ҷадидтарин тарҷумаи мавзӯии Қуръони Карим ба забони англисӣ бо унвони "The Majestic Quaran" аст, ки дар гуфтугӯ бо шабакаи Алҷазира, аз боло рафтани дафаоти чопи коғазии тарҷумаи Қуръони худ ба илова садҳо бор донлуди нусхаи электироникии ин тарҷума пас аз вуқӯъи ҷанг дар Ғазза хабар дод.

Мушарраф Ҳусейн дар тарҷумаи Қуръони Карим ба забони англисӣ аз забони содда истифода кардааст, ки дар тасҳили дарки мафоҳими Қуръон барои тозамусулмонон ва касоне, ки ба думболи гаравидан ба дини Ислом ҳастанд, саҳми басазое дорад.

Вай тавзеҳ дод, ки барои ҳар як аз достонҳои Қуръон унвони ҷудогона қарор додааст ва замоне, ки он қисса ба поён мерасад, унвони дигаре изофа карда то муқаддимае барои достони баъдӣ бошад. Ӯ дар тарҷумаи худ аз мутарҷимони гузашта, ки ба тарҷумаи таҳтуллафзии мутун ва оёт муттакӣ буданд дӯрӣ гузидааст.

Мушарраф Ҳусейн, дар бораи таъсири ин равиш бар мухотабон гуфт, ки садҳо паём ва назари мусбат дарёфт кардааст, ки равиши тарҷумаи ӯро дар тақсими мавзӯии сураҳои Қуръон ва қарор додани ановини ҷудогона барои ҳар як аз қиссаҳои ин китоби осмонӣ сутудаанд. Лизо метавон ин тарҷумаро «тарҷумаи мавзӯии Қуръони Карим» номгузорӣ кард.

Вай дар хусуси ниҳодҳои диние, ки тарҷумаи ӯро таъйид кардаанд низ изҳор кард: ниҳодҳои зиёде ҳастанд, ки ин тарҷумаро мавриди таъйид қарор додаанд, ки муҳиммтарини онҳо Дорул-Ифтои Миср аст. Ин марказ, асари мазкурро таҳаввули муҳим ва бунёдин дар тарҷумаи Қуръон баршумурдааст. Илова бар он 40 олим ва донишманд аз Англис ва шумори зиёде аз муҳаққиқон ва пажӯҳишгароне, ки онро мутолиа кардаанд, ин тарҷумаро таъйид кардаанд.

Мушарраф Ҳусейн, баён кард, ки дар китоби Худ аз тафосири арабӣ ба вижа тафсири ибни Касир ва Зиёул-Қуръон, ки дар забони урду машҳур аст ва ҳамчунин Сафватуттафосир асари Шайх Муҳаммадалӣ Ал-Собунӣ, бисёр баҳра бурдааст.

جنگ غزه استقبال غربی‌ها از قرآن را دوچندان کرد

Тарҷумаи муносиби кӯдакон

Ин мутарҷими Қуръон аз дарёфти паёмҳои бисёр аз сӯи касоне, ки пас аз қироати тарҷумаи ӯ ба дини Ислом гиравидаанд, ибрози хушҳолӣ кард ва гуфт: ин тозамусулмонон тарҷумаи Қуръонро ба кӯдаконашон медиҳанд то онҳоро дар фаҳм ва дарки Қуръон ба равиши саҳл ва осон ёрӣ диҳанд.

Вай дар идома афзуд: даҳҳо нусха аз ин тарҷумаи Қуръон ба парлумони Англис ва Искотланд эҳдо шудааст; Ҳамчунин дар шӯроҳои шаҳри Англистон низ тавзеъ шудааст.

Мушарраф Ҳусейн дар поён бо ишора ба нақши уламои дин ва афроди таъсиргузор дар ҷанги режими саҳюнистӣ алайҳи Ғазза, бар аҳамияти ҳимоят аз мардуми Ғазза, иттилоърасонӣ ба Ғарб дар бораи ормони миллати Фаластин, мушорикат дар тазоҳуротҳои ҳимоят аз Фаластин ва фишор бар сиёсатмадорон Англис барои таваққуфи ин ҷанги нобаробар таъкид кард.

https://iqna.ir/fa/news/4214120

captcha