IQNA

Ифтитоҳи ҷаласаи як парлумони маҳаллӣ дар Амрико бо тиловати Қуръон

5:47 - May 11, 2024
рақами хабар: 1479
ИКНА - Ҷаласаи парлумони маҳаллии Иллинойс дар Амрико бо тиловати оёте аз Қуръони Карим тавассути як имоми масҷид ифтитоҳ шуд. 

Ба гузориши хабаргузории "Русия Ал-Явм", Шайх Ҳасан Мустафо Алӣ, имоми ҷамоати масҷиди Макка дар Чикаго, ҷаласаи маҷлиси намояндагони иёлати Иллинойс Амрико дар Спрингфилд, маркази ин аёлатро бо оёте аз Қуръони Карим ва иқомаи намоз ифтитоҳ кард.

Вай ҳамчунин барои муваффақият, роҳнамоӣ ва ҳидоят дар ҷиҳати расидан ба адолат, сулҳ ва таваққуфи ҷанг ва хушунат дар саросари ҷаҳон дуо кард.

Ин барнома дар чорчуби фаъолиятҳои рӯзи иртибот бо намояндагони иёлатӣ тавассути шӯрои муассисоти исломӣ дар Чикаго ва атрофи он анҷом шуд.

Дар ин рӯз садҳо тан аз раҳбарони ҷомеаи исломӣ ба ҳамроҳи бисёре аз донишомӯзони мадорис ва донишгоҳҳо барои ширкат дар ин рӯйдоди муҳим ба дафотири намояндагони худ дар иёлатҳо мераванд то бо онҳо иртибот барқарор ва дар мавриди масоили муҳим ва зарурии шаҳрвандон баҳс ва гуфтугӯ кунанд.

Шайх Ҳасан Алӣ дар ин маросим оёте аз сураи Нисоъро тиловат кард:

 إِنَّ اللَّهَ يَأْمُرُكُمْ أَن تُؤَدُّوا الْأَمَانَاتِ إِلَىٰ أَهْلِهَا وَإِذَا حَكَمْتُم بَيْنَ النَّاسِ أَن تَحْكُمُوا بِالْعَدْلِ ۚ إِنَّ اللَّهَ نِعِمَّا يَعِظُكُم بِهِ ۗ إِنَّ اللَّهَ كَانَ سَمِيعًا بَصِيرًا
 
Ӯ сипас ин оётро ба забони англисӣ тарҷума карда ва дар идома барои аъзо ва намояндагон, қонунгузорон ва тасмимгирон, барои муваффақият дар вазъи қавонин ва иттихози тасмимоте, ки барои дастёбӣ ба арзишҳои адолат, сулҳ, баробарӣ, таваққуфи ҷангҳо, хушунат ва хидмат ба мардум муассир бошад дуо кард.

https://iqna.ir/00HgQ0

captcha