Теҳрон (ИКНА) ба нақл аз Макка, имрӯз якшанба садҳо ҳазор зоири Байтуллоҳилҳаром дар оғози маносики ҳаҷ, бо анҷоми тавоф [нахустин тавофи воҷиб ё мустаҳабие, ки зоир пас аз вуруд ба Макка анҷом медиҳад] дар Макка омодаи анҷоми маносики аслии ҳаҷҷи имсол мешаванд.
Бар асоси ончи мақомоти Арабистони Саудӣ шомгоҳи ҷумъа эълом карданд: беш аз 1,6 миллион зоир аз соири кишварҳои хориҷӣ барои адои маносики ҳаҷ вориди ин кишвар шудаанд. Теъдоди зоирон аз дохили Арабистони Саудӣ ҳанӯз эълом нашудааст.
Мақомоти Саудӣ интизор доранд имсол беш аз 2 миллион зоир аз 160 кишвари ҷаҳон дар маросими ҳаҷ ширкат кунанд.
Зоирони Байтуллоҳилҳаром аз ғуруби якшанбе ба теъдоди зиёд ба самти Мино мераванд то рӯзи сешанбе барои вуқуф вориди саҳрои Арафот шаванд. Мақомоти Арабистон аз истиқрори клиникҳои сайёр, омбулонсҳои муҷаҳҳаз ва ҳудуди 32 ҳазор имдодгар ба манзури ироаи хадамоти дармонӣ ба зоирони Байтуллоҳилҳаром хабар додаанд.
Хутбаи имсоли Арафа ба забонҳои англисӣ, Фаронсавӣ, урду, олмонӣ, испанияӣ, индонезияӣ, банголӣ, молоӣ, амҳарӣ, ҳавасо, туркӣ, русӣ, чинӣ, форсӣ, томилӣ, Филиппинӣ, бӯсниёӣ, савоҳилӣ, ҳиндӣ ва шветсияӣ тарҷума хоҳад шуд. Ин тарҷума таҳти назорати фаннӣ ва адабӣ ба манзури ҳусули итминон аз тарҷумаи дақиқ ва равон сурат хоҳад гирифт.