IQNA

Қироати саросарии сураи «Инсон» дар шаби мелоди Имом Ризо (а)

22:04 - May 18, 2024
рақами хабар: 1518
ИКНА - Тарҳи Қуръони «Сироҷуллоҳ» ҳамзамон бо шаби мелоди ҳазрати Соминул Аимма (а) дар ҳарами мутаҳҳари Разавӣ ва амокуни мутабаррикаи саросари Эрон баргузор ва тайи он сураи муборакаи Инсон қироат шуд.

Ба гузориши Astan News, мудири маркази умури Қуръони остони Қудси Разавӣ бо ишора ба иҷрои ин барнома гуфт: ҳамзамон бо шаби вилодати босаодати валии неъматамон ҳазрати Соминул Аимма (а), тарҳи Қуръони «Сироҷуллоҳ» ва қироати дастаҷамъии сураи муборакаи «Инсон» ва ҳадияи савоби он ба соҳати нуронии Имом Ризо (а) иҷро шуд.

Маҳфили Қуръонии «Ғунчаҳои Разавӣ» вижаи кӯдакони Маҳдурризо (а)

Мудири маркази умури Қуръонии ҳарами мутаҳҳари Разавӣ гуфт: дар қолаби барномаи Ғунчаҳои Разавӣ то 29 урдибиҳишт, рӯзона 30 маҳфили қуръонӣ бо ҳузури 700 Қуръономӯзи Маҳдурризо (а) дар саҳни Паёмбари Акрам ҳарами мутаҳҳари Разавӣ ташкил мешавад, кӯдакон дар ин маҳфил, барномаи рӯхонии Қуръон, омӯзиши сираи Маъсумин (а), оёт ва ривояоти мавзӯъӣ, наққошӣ ва рангомезиро анҷом медиҳанд.

https://iqna.ir/fa/news/4216347

captcha