Ба гузориши хабарнигори эъзомии хабаргузории ИКНА; Дар остонаи ҳаҷҷи тамматтуъ, зоироне аз кишварҳои мухталиф бо ранг ва нажод ва забонҳои гуногун дар ҳарами шарифи Набавӣ дар Мадинаи Мунаввара ба зиёрат ва ибодат мепардозанд ва аз ин фурсати маънавӣ ниҳояти истифодаро мебаранд.
Зоирон талош мекунанд то намозҳои явмияро дар Масҷидуннабӣ (с) иқома кунанд ва ин масҷиди нуронӣ ва муборак ҳамчунин, шоҳиди ҳузури пурранги бонувоне аз кишварҳои мухталифи Индонезия, Эрон, Покистон, Нигерия ва.. аст, ки барои мушараф шудан ба Маккаи Мукаррама омода мешаванд.
Зоирон талош мекунанд дар тӯли муддати ҳузур дар Мадинаи Мунаввара аз дуо, қироати Қуръон ва намозҳои зиёрат ва.. дар ҳарами шарифи Набавӣ ғофил нашаванд.