IQNA

Ибрози нигаронии Туркия аз вазъияти мусулмонони Рохингия

5:08 - May 27, 2024
рақами хабар: 1562
ИКНА - Туркия дар вокуниш ба ташдиди даргириҳо дар Мянмар ва шароити мусулмонони ин кишвар зимни ибрози нигаронӣ аз вазъияти ин ақаллият, хостори риояти қавонини байналмилалӣ дар ин минтақа шуд.

Ба гузориши Анатолия, вазорати умури хориҷаи Туркия нигаронии шадиди худро аз ташдиди даргирӣ байни артиши Мянмар ва гурӯҳҳои қавмии мусаллаҳ, ки ба афзоиши талафоти ғайринизомиён дар моҳҳои ахир мунҷар шудааст, иброз кард.

Вазорати хориҷаи Туркия дар баёнияе эълом кард: бо нигаронии зиёд даргириҳои шадид ва афзоиши талафоти ғайринизомиён дар Мянмар дар моҳҳои ахирро думбол мекунем. 

Дар ин баёния омадааст: Мо амиқан аз гузоришҳои ахир мабнӣ бар ҳамалот алайҳи ғайри низомиён дар аёлати Рохин, ба вижа мусулмонони Аракани (Рохингия) ва тахаллуфоте, ки мунҷар ба овора шудани даҳҳо ҳазор нафар шудааст, мутаассифем.

Вазорати умури хориҷаи Туркия аз тарафҳои даргир хост то қавоиди қонуни байналмилалӣ ва қонуни инсонии байналмилалиро риоят кунанд, аз ғайри низомиён ва зерсохтҳои ғайринизомӣ муҳофизат кунанд, аз иқдомоте, ки боиси афзоиши даргириҳои қавмӣ ё мазҳабӣ мешавад, аз ҷумла сарбозгирии иҷборӣ, иҷтиноб кунанд ва иҷоза барои ирсоли кумакҳои башардӯстонаи фаврӣ ва бевақфа ба минтақаро бидиҳанд.

Ҳазорон мусулмони Рохингия, ки қаблан ба шаҳри Бутидаунг дар марзи бо Бангладеш паноҳ бурда буданд, ахиран ба далели ташдиди даргириҳо байни неруҳои давлатӣ ва созмони "Артиши Аракан", ки номи худро ба «Араха» тағйири ном дод, маҷбӯр ба тарки ин шаҳр шуданд.

Не Сан Левин, яке аз бунёнгузорони иттиҳодияи Рохингияи озод, дар суханоне ба Ассошиэйтед Пресс гуфт, ки қатлҳое гузориш нашудаи зиёде тавассути аъзои артиши Аракан ва артиши Мянмар алайҳи мусулмонони Рохингия анҷом шудааст. 

Дар соли 2012, даргириҳо байни буддоиҳо ва мусулмонон дар иёлати Рахин дар Мянмар рух дод, ҳазорон нафар кушта шуданд, ки бештари онҳо мусулмон буданд ва садҳо хона ва маҳалли кор ба оташ кашида шуд.

Артиши Мянмар ва миллигароёни буддоӣ ба баҳонаи ҳамалот ба пустҳои марзии Рахин дар 25 август 2017, хушунатҳои густурдаеро оғоз карданд. 

Бар асоси гузориши Созмони Милал, теъдоди афроде, ки пас аз августи 2017 аз саркӯб ва озор ва азият дар Аракан фирор карда ва ба Бангладеш паноҳнда шуданд, аз 900 ҳазор нафар гузаштааст. 

Созмонҳои ҳуқуқи башарии байналмилалӣ бо тасовири моҳвораие, ки мунташир карданд собит карданд, ки садҳо русто вайрон шудааст.

https://iqna.ir/00HhQW

captcha