Ба гузориши манобеи хабарӣ, як пизишки фаластинӣ дар канори пайкари зане, ки дар асари ҷинояти рӯзи якшанбеи саҳюнистҳо дар Рафаҳ ба шаҳодат расида буд, як сафҳа аз Қуръон ҳовии оёте аз сураи муборакаи Буруҷро пайдо кард, ки солим боқӣ монда ва дар асари ин ҷиноят насухтааст, ин масъала эҳсосоти корбаронро дар фазои маҷозӣ барангехт.
Усома Ан-Наша, бо интишори видеои Қуръони солим монда навишт: Пизишке болои сар яке аз қурбониёни Рафаҳ нишаста ва сафаҳоте аз Қуръони ҳовии оёти аввалияи сураи муборакаи буруҷро дар даст гирифта ва нишон медиҳад.
Усома Ан-Наша, дар тавзеҳи ин видео низ навиштааст: «Дар ҷайби холаам ин сафҳа аз Қуръонро пайдо кардем. Вақте пайкари бастагони шаҳидамро пайдо кардем ин оёт дар ҷайби холаам пайдо шуд: قُتِلَ أصْحابُ الأُخْدُودِ النّارِ ذاتِ الوَقُودِ гӯё ин паёме аз тарафи Худо буд. Чаро, ки дар пайи аз даст додани ҳамаи дӯстон ва ошноёнам дар як рӯз, оташ ноумедӣ дар ман шӯълавар шуд, аммо худо ҳамеша бо мост ва ба мо итминон ва оромиш медиҳад ва паёмҳои илоҳӣ ба қалби мо мерасад.»
Фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ дар вокуниш ба ин видео бо ибрози ҳузн ва андӯҳ барои шуҳадои Ғазза, хашм ва ғазаби худро аз ҳамалоти ваҳшиёнаи низомиёни саҳюнист алайҳи мардуми бегуноҳи Рафаҳ ва Ғазза иброз карданд.
Яке аз фаъолон дар сафҳаи шахсии худ навишт: «Худо, фариштагон ва ҳомилони арши Ӯро шоҳид мегирам, ки қалби мо ба гулӯямон расидааст ва ғусса бар дилҳои мо муставлӣ шудааст. Дуои мо барои шумо ин аст, ки Худованд шуморо собитқадам гардонд ва ба ёрии худ, моро бишорат диҳад; Пирӯзӣ наздик аст.»