IQNA

Даъвати Ҳамос ва Ҷиҳоди исломӣ барои дифоъ аз Масҷидул-Ақсо

10:54 - June 06, 2024
рақами хабар: 1625
ИНКА - Ҷунбишҳои Ҳамос ва Ҷиҳоди исломӣ бо судури баёнияҳое ба тааррузи саҳюнистҳои тундрав алайҳи Масҷидул-Ақсо вокуниш нишон доданд ва аз тамоми мусулмонони ҷаҳон хостанд, ки барои дифоъ аз ин макони муқаддас бапо хезанд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, ҷунбиши муқовимати исломии Ҳамос ва ҷунбиши Ҷиҳоди исломӣ беҳурматӣ ба Масҷидул-Ақсо тавассути саҳюнистҳои ифротӣ ва тундрав, ки имрӯз ба муносибати роҳпаймоии рӯзи Идди парчам ба онҷо рафтандро ба шиддат маҳкум карданд.

Ҷунбиши муқовимати исломӣ ва Ҳамос ва Ҷиҳоди исломии Фаластин бо маҳкум кардани ҳамлаи саҳюнистҳои ифротӣ ва тундрав ба Масҷидул-Ақсо аз тамоми мусулмонони ҷаҳон хостанд, ки барои дифоъ аз ин макони муқаддас бапо хезанд.

Дар ҳамин иртибот, ҷунбиши муқовимати исломии «Ҳамос» зимни ҳушдор нисбат ба тадовуми сиёсатҳои ҷинояткоронаи режими саҳюнистӣ алайҳи Масҷидул-Ақсо, таъкид кард, ки роҳпаймоии Парчам дар Қудси ишғолӣ, таҷовуз ба миллати Фаластин ва муқаддасоти он аст.

Ҷунбиши Ҳамос тайи баёниае хотир нишон кард, ки мувофиқати режими фашисти саҳюнистӣ бо баргузории роҳпаймоии Парчам дар Қудси ишғолӣ тавассути шаҳракнишинони саҳюнист ва ҳамалот ва таҷовузоте, ки бо ҳимояти полиси режими саҳюнистӣ алайҳи миллат ва муқаддасоти Фаластин сурат гирифт, бар зӯргӯии ин режим фашистӣ ва талоши он барои яҳудӣ созии муқаддасот ва беэҳтиромӣ ба эҳсосоти садҳо миллион мусулмон дар саросари ҷаҳон аст.

Ин ҷунбиш зимни ҳушдор ба режими саҳюнистӣ нисбат ба тадовуми ин сиёсатҳои ҷинояткорона алайҳи муқаддасоти Фаластин ва дар раъси онҳо Масҷидул-Ақсо таъкид кард муқовимате, ки дар ҷараёни набарди Тӯфони Ал-Ақсо рашодатҳои мутааддидеро рақам задааст ва режими саҳюнистӣ ва шаҳракнишинони онро дар Каронаи Бохтарӣ таҳти таъқиб қарор медиҳад, роҳи зарбазадан ба ин душмани ҷинояткорро пайдо хоҳад кард то ҷилави саркашиҳои раҳбарон ва шаҳракнишинони тундрав ва ифротиро бигирад.

Ҳамчунин, дар иқдоми ҳамоҳанг, ҷиҳоди исломӣ дар баёнияе бо маҳкум кардани ҳамлаи саҳюнистҳои тундрав ва ифротӣ ба Масҷидул-Ақсо эълом кард, ки сукути кишварҳои арабӣ мӯҷиби ташдид таҷовузоти ишғолгарон алайҳи муқаддасоти уммат шудааст.

Ҷунбиши ҷиҳоди исломӣ таъкид кард, ки роҳпаймоӣ таҳрикомези шаҳракнишинони ишғолгар дар Қудс ва бастани дарҳои Масҷидул-Ақсо ба рӯи мусулмонон тааддии ошкор ба қиблаи нахусти мусулмонон аст.

Ин ҷунбиш дар баёнияе афзуд, ки саҳюнистҳо гумон мекунанд бо таарруз ба Масҷидул-Ақсо бахше аз таҳқири артиши худ дар Ғазза ва Каронаи Бохтариро ҷуброн хоҳанд кард.

Ҷиҳоди исломӣ тасреҳ кард, ки миллати Фаластин лаҳзае аз дифоъ аз муқаддасоти худ дареғ нахоҳад кард ва мо ҳамаи Фаластиниёнро ба муқобила бо арбадакашии саҳюнистҳо барои дифоъ аз иззат ва каромати уммат фаромехонем.

Ин ҷунбиш ҳамчунин сукути кишварҳои арабӣ дар қиболи таҷовузот ба Масҷидул-Ақсо, ки мӯҷиби густохонатар шудани саҳюнистҳо ва таарруз ба муқаддасоти уммат шударо маҳкум кард.

https://iqna.ir/00Hhpg

captcha