IQNA

Талоши як ҳизби олмонӣ барои бастани масҷидҳо

4:51 - June 08, 2024
рақами хабар: 1629
ИКНА - Ҳизби демократии озод дар Олмон хостори таътилии бархе аз масҷидҳои Олмон шудааст. 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, ҳизби демократии озод дар Олмон, ки ба восита гароишҳои зидди исломӣ ва ифротгароияш шинохта мешавад хостори таътилии бархе аз масҷидҳои ин кишвар шудааст.

Ин дархост пас аз он матраҳ мешавад, ки дар ҳамла бо чоқу ба як таҷаммӯъи зидди исломӣ як нафар кушта ва 4 нафар захмӣ шуданд.

Ҳизби демократи озод муддаӣ шудааст, ки бархе аз масҷидҳо дар Олмон афроде бо гароишҳои ифротӣ тарбият мекунанд ва ба ҳамин далел бояд таътил шаванд.

Гуфтнӣ аст дар ҳамлаи як ҷавони 25 сола ба таҷаммӯъи гурӯҳи зидди исломӣ дар шаҳри Ҳеппенхайми Олмон, 5 нафар захмӣ шуданд, ки яке аз захмиҳо ба иллати шиддати ҷарроҳот ҷони худро аз даст дод.

Ин рухдод боис шудааст то гурӯҳҳои ифротгароии зидди исломӣ ба думболи эҷод ва эъмоли маҳдудитҳои бештар барои ҷомеаи мусулмонон дар Олмон бошанд.

https://iqna.ir/00HhrA

captcha