Ба гузориши манобеи қатарӣ, мусобиқоти ҳифзи Қуръони Карими мадорис ва маҳдикӯдакҳои Қатар бо унвони «Бихон, бархез ва тиловат кун» бо мушорикати ҳазору 21 донишомӯзи духтар ва писар аз 182 мадраса ва маҳдикӯдаки хусусӣ ва бар асоси қавонини кумитаи доварии вазорати Авқоф ва умури исломии Қатар ва Ал-Азҳари шариф баргузор шуд.
Умар Абдулазиз, муовини вазири омӯзиш ва парвариши Қатар дар бораи ин мусобиқот гуфт: ин мусобиқот бо ҳадафи ташвиқи кӯдакон ва навҷавонони донишомӯз дар мадорис ва маҳдикӯдакҳо барои ҳифзи Қуръони Карим баргузор шуда ва таъсири басазое дар ояндаи ин кӯдакон хоҳад дошт.
Дар поёни ин маросим, Умар Абдулазиз аз 50 баргузидаи духтар ва писари ин мусобиқот, 10 мутасобиқ аз ҳар як аз гурӯҳҳои ҳифзи кулли Қуръон, ҳифзи 15 ҷузъ, ҳифзи 10 ҷузъ, ҳифзи 5 ҷузъ ва ҳифзи нисф ҷузъ 30 ва ҳамчунин 35 ширкаткунандаи мумтоз аз мадорис ва маҳдикӯдакҳои мухталифи кишвар таҷлил кард.
https://iqna.ir/00Hhso