IQNA

Андешаманди малайзияӣ дар вебинари ИКНА:

«Хайра умматӣ» дар мавриди уммати исломӣ муҳаққақ нашудааст

16:53 - June 10, 2024
рақами хабар: 1648
ИКНА - Азмӣ Абдулҳамид гуфт: Аз дидгоҳи Қуръон, уммати исломӣ бояд дар ҷаҳон намуна бошад. Аммо воқеият ин аст, ки имрӯз иборати «Хайра умматӣ» (беҳтарин уммат) дар мавриди уммати исломӣ муҳаққақ нашудааст. Аз ҳамин рӯ бисёр ба мавқеъ аст, ки дар шароите, ки ба мавсими Ҳаҷ наздик мешавем бар рӯи маънои Ҳаҷ ва фалсафаи он тааммул кунем; Ҷое, ки қарор аст дар онҷо натанҳо дар ҳарф, ки дар амал низ мафҳуми ваҳдатро дар ҳамаи абъоди зиндагӣ таҳаққуқ бахшем.

Ба гузориши ИКНА, вебинари байналмилалии «Ҳаҷ, Қуръонмеҳварӣ ва ҳамдилӣ бо Ғазза» ба ҳиммати ИКНА ва бо меҳварияти шиори Ҳаҷҷи соли 1403; «Ҳаҷ; Қуръонмеҳварӣ, ҳамдилӣ ва иқтидори уммати исломӣ ва дифоъ аз Фаластини мазлум», ки аз сӯи шӯрои барномарезӣ ва ҳамоҳангии баъсаи мақоми муаззами раҳбарӣ ва Созмони Ҳаҷ ва зиёрат таъйин шудааст, ҳамзамон бо мавсими Ҳаҷҷи соли ҷорӣ субҳи имрӯз душанбе, баробар бо севуми зилҳаҷҷа баргузор шуд.

Чолишҳои муҳимми ҷаҳони Ислом ва уммати исломӣ ва ба вижа мардуми мазлуми Фаластин ва ҳимоят аз муборизоти онон алайҳи ишғолгарони саҳюнистӣ мубтанӣ бар омӯзаҳои мутаолии Қуръони Карим, осори амалиёти Тӯфони Ал-Ақсо дар зиндаи нигаҳ доштани масъалаи Фаластин ва зарурати таъкид бар бароат аз душманони саҳюнистӣ дар маросими Ҳаҷҷи соли ҷорӣ аз ҷумла мавзӯъоти матраҳ шуда дар суханронии коршиносони ҳозир дар ин рӯйдод буд.

Доктор Муҳаммадалӣ Озаршаб, устодтамоми донишгоҳи Теҳрон; Азмӣ Абдулҳамид, раиси дабирхонаи Шӯрои созмонҳои исломии Малайзия; Шайх Ғозӣ Ҳанина, раиси маҷмаъи уламои мусулмони Лубнон; Қадир Окорос, раиси иттиҳодияи уламои Аҳли байти Туркия ва Ҷон Эндрю Морро, исломшинос ва тозамусулмони амрикоӣ суханронони ҳозир дар ин вебинар буданд.

Азмӣ Абдулҳамид, раиси дабирхонаи Шӯрои созмонҳои исломӣ Малайзия дар суханони худ дар ин вебинар тасреҳ кард: Қуръони карим муҳиммтарин манбаъ ва марҷаъи уммати исломӣ барои ғалаба бар чолишҳои дарунӣ ва берунии уммати исломӣ аз ҷумла поён додан ба наслкушии режими саюнистӣ дар Ғазза аст. Мусулмонон бояд аз фурсати Ҳаҷ истифода карда ва ваҳдат ва ҳамбстагии худро ба наҳве, ки Қуръон аз онон хостааст амалӣ созанд.

Аз дидгоҳи Қуръон, уммати исломӣ бояд дар ҷаҳон намуна бошад. Фарқе намекунад мусулмонон аз ҳар нажоде, Араб, Малайзия, Япония, Чин ё Ҳинд чӣ дар кишварҳои мусулмон ва чӣ дар кишварҳои ғайри мусалмон бояд улгу бошанд. Аммо воқеият ин аст, ки имрӯз иборати Хайра уммати (беҳтарин уммат) дар мавриди уммати исломӣ муҳаққақ нашудааст. Пас мо бояд фикр кунем чаро ин иттифоқот барои уммати исломӣ меафтад ва чаро уммати исломӣ дар ҷаҳон намуна нест. Аз ҳамин рӯ бисёр ба мавқеъ аст, ки дар шароите, ки ба мавсими Ҳаҷ дар моҳи зилҳаҷҷаи имсол наздик мешавем ин масъаларо баррасӣ ва бар рӯи маънои Ҳаҷ ва фалсафаи он тааммул кунем; Ҷое, ки қарор аст дар онҷо натанҳо дар ҳарф, ки дар амал низ мафҳуми ваҳдатро дар ҳамаи абъоди зиндагӣ таҳаққуқ бахшем.

Мусулмонони ҷаҳон бо ҳам дар Маккаи Мукаррама ва Мадинаи Мунаввара бар ин асос, ки бояд бародарӣ ва ухувват байни ҳамаи мусулмонони ҷаҳонро нишон диҳем ҷамъ мешаванд. Мо инҷо дар муқобили Каъба ва ҷое ҳастем, ки ба Худованди Мутаол бигӯем мо яке ҳастем. Ин даъвати Қуръон ва бисёр равшан аст.

Дар миёни буҳрон ва наслкушии Ғазза мебинем мардум дар ҳар гӯшае аз ҷаҳон ба хиёбонҳо меоянд ва бар давлатҳои худ фишор меоваранд то ин хушунатҳо ва хунрезиҳои режими исроилро мутаваққиф кунанд.

Ахиран ҷунбиши донишҷуёни донишгоҳи Колумбия дар Амрико ба садҳо донишгоҳи дигар сироят карда ва донишҷуён алайҳи ин ҷанг бархостаанд ва ба Амрико эътироз мекунанд, ки ҷунбиши аҳюнистӣ аз нуфузи ин давлат истифода карда то аз Исроил дифоъ кунад ва ба ин режим иҷоза диҳад ба хушунатҳои худ ва наслкушие, ки шоҳиди он ҳастем идома диҳад.

Исроил аз ҳеҷ як аз қатъномаҳои Созмони Милал табаият накарда ва Амрико дар ин ҳафт даҳа аз Исроил муҳофизат кардааст.

https://iqna.ir/en/news/3488689

captcha