IQNA

Расонаҳои Исроил: Ҳизбуллоҳ то ҳол қудрати воқеии худро нишон надодааст

12:44 - June 13, 2024
рақами хабар: 1665
ИКНА - Расонаҳои исроилӣ бо ишора ба мушкили бузурге, ки артиши Исроил муқобили паҳподҳои Ҳизбуллоҳи Лубнон гирифтори он шудааст таъкид карданд бо ҳамаи ин вуҷуд ҳануз Ҳизбуллоҳ аз қудрати аслии худ ба вижа дар соҳаи мушакӣ ва паҳподӣ дар ҷанг бо режими саҳюнистӣ истифода накардааст.

Ба гузориши ТоҷикПресс, дар сояи идомаи нигаронии саҳюнистҳо аз заработи Ҳизбуллоҳ ба ташкилоти падофандии артиши режими саҳюнистӣ, расонаҳои ибрӣ, ки тайи чанд ҳафтаи гузашта бештари матолиби худро ба таҳлилу баррасии тавонмандиҳои Ҳизбуллоҳ ва чолишҳое, ки артиши Исроил дар муқобила бо он дорад ихтисос додаанд, имрӯз сенарияҳои зарбаи Ҳизбуллоҳ ба ташкилоти падофанди ҳавоии артиши режими саҳюнистиро мавриди баррасӣ қарор дода ва дар бораи хатароти вуқуъи ҷанги густарда дар ҷабҳаи шимолии Исроил ҳушдор доданд.

Дар ин замина Йо Ов Зайтун, таҳлилгари низомии саҳюнист дар мақолае дар рӯзномаи ибрии “Yedioth Ahronoth” эълом кард: Артиши Исроил дар баробари ҳамалоти Ҳизбуллоҳ ҳамчунон дар ҳоли дифоъ кардан аст; бо ин пеш фарз, ки Ҳизбуллоҳи Лубнон талош хоҳад кард то ба ташкилоти падофанди ҳавоии артиши Исроил зарба бизанд ва ба ин тартиб мавҷҳое аз ҳамалоти шадиди худ дар дохили Исроил  дар сурати густариши ҷанг дар ҷабҳаи шимолро оғоз кунад.

Сенарияи даҳшатноки ҳамлаҳои азими мушакӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишини Ҳизбуллоҳ

Ин таҳлилгари саҳюнистӣ афзуд: тавоноиҳое, ки Ҳизбуллоҳи Лубнон дар моҳҳои гузашта аз худ нишон дода ва ба вижаи тайи ҳафтаҳои ахир бештар будааст, дарсади бисёр каме аз қудрати воқеии ин ҳизб ва зарродхонаи таслеҳоти ҳавоии онро шомил мешавад.

Вай идома дод: Артиши Исроил мутаваҷҷеҳ шуда, ки шурӯи ҷанг бо Ҳизбуллоҳ мунҷар ба тахриби густардаи амокин ва ҳамлаи Ҳизбуллоҳ ба маконҳои бисёр стротежики Исроил мешавад. Ин дар ҳоле, аст ки тайи 8 моҳи гузашта Ҳизбуллоҳ ҳануз аз мушакҳои нуқтазани худ истифода накарда; мушакҳое ки метавонанд то як тонна маводи таркандаро бо худ ҳамл кунанд.

Ин таҳлилгари исроилӣ таъкид кард: Ҳамчунин Ҳизбуллоҳ ҳануз аз неруи паҳподҳо ва ба вижа паҳподҳои инфиҷорӣ ба таври комил рӯнамоӣ накарда ва ва ҳар бор ба партоби 2 то 3 паҳпод иктифо кардааст. Илова бар он ҳануз Ҳизбуллоҳ ҳамлаи густардаи мушакие, ки шомили патоби садҳо мушак ба самти Исроил (Фаластини ишғолӣ) бошадро анҷом надодааст; ҳамлае ки сомонаи гунбади оҳанинро ба шиддат гумроҳ мекунад.

Вай гуфт: Масъулони артиши Исроил ба шиддат нигарони мушакҳои нуқтазани Ҳизбуллоҳ ҳастанд; зеро медонанд Ҳизбуллоҳ дар ҳар тақобули иизомӣ дар миқёси васеъ аз ин мушакҳо барои осеб задан ба мавозеи падофанди ҳавоии артиши Исроил истифода хоҳад кард то битавонад ҳамалоти густардаи худ ба дохили Исроил (Фаластини ишғолӣ)-ро анҷом диҳад.

Расонаҳои ибрӣ ба нақл аз мақомоти артиши режими саҳюнистӣ эълом карданд: Дар сурати вуқуи як тақобули густарда бояд мунтазири ҳамлаи гуруҳе бузург аз ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Ҳизбуллоҳ ба дохили хоки Исроил (Фаластини ишғолӣ) бошем.

Мақомоти артиши саҳюнистӣ ҳамчунин эълом карданд, ки фаъол мондан беш аз ҳадди падофанди ҳавоии артиши Исроили боиси ошкор шудани падедаи нигаронкунанда шудааст. Аввалин падедаи нигаронкунанда марбут ба ҳушдорҳои нодурустест, ки радарҳо содир мекунанд, ба вижа дар бораи паҳподҳои тарканда; зеро пешбинии масири парвози онҳо бархилофи мушак бисёр душвораст.

Аз тарафи дигар расонаҳои саҳюнистӣ гузориш доданд, ки Ҳизбуллоҳи Лубнон бо истифода аз паҳподҳову мушакҳои худ метавонад ба аҳдофи мухталифе дар дохили Исроил (Фаластини ишғолӣ) ҳамла кунад, аз ҷумла шаҳрҳову шаҳракҳои шимолӣ ва марказӣ. Ҳамчунин сенарияи ҳамлаи Ҳизбуллоҳ ба муҷтамаи бандарӣ дар Ҳайфа низ дур аз интизор нест.

Дар ҳамин замина рӯзномаи ибрии “Maariv” дар гузорише эълом кард, ки Ҳизбуллоҳи Лубнон сомонаҳои падофанди ҳавоии артиши Исроилро ба чолиш мекашад.

Ин расона саҳюнистӣ афзуд: Баррасиҳои артиши Исроил нишон медиҳад, ки Ҳизбуллоҳ дар талош аст то нуқоти заъфи сомонаҳои ҳисгари Исроилро пайдо кунад ва бурди парвозии паҳподҳои худро коҳиш диҳад то аз шиносоӣ ва раҳгирии онҳо тавассути артиши Исроил ҷилавгирӣ кунад. Дар ҳамин росто бахше аз ҳамалоти паҳподӣ аз ҷануби Лубнон ба Исроил (Фаластини ишғолӣ) дар чаҳорчуби талошҳои Ҳизбуллоҳ барои баррасии қобилиятҳои нуфузи худ ҷиҳати ҳадаф қарор додани таъсисоти Исроил дар замон густариш ҷангаст.

https://tajikpress.com/2024/06/13/

captcha