IQNA

Даргузашти ҳафтоду ҳафтумин калиддори Каъба аз замони фатҳи Макка

17:14 - June 23, 2024
рақами хабар: 1711
ИКНА - Идораи кули расидагӣ ба умури ҳарамайни шарифайн аз даргузашти Солеҳ Аш-Шайбӣ, ҳафтоду ҳафтумин калиддори Каъба аз замони фатҳи Макка хабар дод.

Ба гузориши Алҷазира, идораи кули расидагӣ ба умури ҳарамайни шарифайни (Масҷидулҳаром ва Масҷидуннбаӣ) даргузашти Солеҳ бин Зайнулобидин Аш-Шайбӣ, калиддори Каъбаро эълом кард.

Ин идора бо интишори баёнияе эълом кард, Солеҳ Аш-Шайбӣ калиддори Каъбаи асри ҷумъа даргузашт ва рӯзи шанбе пас аз намози субҳ дар Масҷидулҳаром, намози майит бар ҷасади вай иқома ва дар қабристони Ал-Муъало ва дар поёни мавсими ҳаҷҷи имсол ба хок супурда шуд. Тавлияти кули Масҷидулҳаром ва Масҷидуннабӣ низ бо интишори баёнияе даргузашти калиддори Каъбаро таслият гуфт.

Ҳафтоду ҳафтумин калиддори Каъба аз замони фатҳи Макка

Ба гузориши рӯзномаи Саудии Сабақ, Солеҳ Аш-Шайбӣ, ходим ва калиддори Каъбаи муқаддас, дар соли 1945 мелодӣ (1366 ҳиҷрии қамарӣ) дар хониводае мутаваллид шуд, ки аз замони ҳазрати Муҳамад (с) калиддори Каъба будаанд.

Ин рӯзнома ба ин нукта ишора кард, ки Солеҳ Аш-Шайбӣ наваи «Шайбатибин Усмонибни Аби Талҳа» аст.

Солеҳ Аш-Шайбӣ ҳафтоду ҳафтумин калиддори Каъба аз замони фатҳи Макка дар асри Расули Худо (с) ва саду нуҳумин калиддор аз замони Қассибни Калоб, ҷадди бузурги Паёмбар (с) ба шумор меравад.

Солеҳ Аш-Шайбӣ дар Макка бузург шуд ва таҳсилоти худро то ахзи мадраки доктораии маорифи исломӣ идома дод.

Ӯ ба унвони устоди донишгоҳ машғӯл ба кор буд ва китобҳои бисёре дар заминаҳои эътиқодӣ ва таърихӣ таълиф кард.

Калиддории Каъба: Шарифтарин пеша дар Масҷидулҳаром ва Макка

Калиддории Каъба қадимитарин ва шарифтарин ҳирфа дар Масҷидулҳаром ва Макка аст. Дар соли 1435 ҳиҷрии қамарӣ, пас аз даргузашти амуи Солеҳ Аш-Шайбӣ (Абдулқодир Тоҳои Аш-Шайбӣ) ин масъӯлият ба вай вогузор шуд ва ӯ вазифаи калиддориро ӯҳда гирифт.

Калиддорони Каъба, калиди Байтуллоҳилҳаромро дар даст доранд, калиде ки аз оҳан сохта шуда ва 35 санти метр тӯл дорад. Замомдори Каъба масъӯли тамоми умури хонаи Худост ва онро бо атр хушбӯ ва аз боздидкнндгонаш пазироӣ мекунад.

Ба навиштаи рӯзномаи Сабақи Саудӣ, Солеҳ Аш-Шайбӣ, монанди ҳар калиддори дигари Каъба бар боз кардан дари Каъба, тағири парда, шастушӯ, нигаҳдории пардаи Байтуллоҳилҳаром назорат мекард. Амре ки беш аз 100 бор дар тули зиндагии ӯ воқеъ шуд.

https://iqna.ir/fa/news/4222822

captcha