Ба гузориши манобеи хабарӣ, Антонио Рудиг, бозикуни тими миллии Олмон ва ситораи тими Реал Мадрид, дар ҷараёни ҳузур дар ҷоми миллатҳои аврупоии Евро-2024 ҳамчунон ба расму оинҳои исломии худ мултазам аст.
Антонио Рудиг, асри якшанбе дар поёни рақобатҳои гурӯҳи аввали мусобиқоти қаҳрамонии қорраҳо дар тасовии 1-1 тими миллии Олмон муқобили Швейтсария ширкат кард.
Ситораи тими миллии Олмон қабл аз шурӯъи бозӣ бо Швейтсария тасвире аз худро дар Инстаграм мунташир кард, ки дар варзишгоҳ дастонашро ба нишонаи дуо боло бурдааст.
Ин танҳо рафтори ситораи олмонӣ барои анҷоми расм ва оинҳои исломӣ мавриди қабули ӯ нест. Антонио Рудиг, пас аз пирӯзии тими миллии Олмон дар охирин бозӣ бо Венгрия дар ҷоми миллатҳои Аврупо низ бо саҷда ба шодӣ пардохт.
Ин ситораи тими Реал Мадрид пеш аз ин пас аз сууд ба Мачестерситӣ дар марҳалаи як чаҳоруми ниҳоии лиги қаҳрамонони Аврупо, пас аз инки ангушти ишораи худро ба самти осмон баланд кард ва такрор кард: «Аллоҳу Акбар» ва онгоҳ ба шодӣ пардохт.
Тими миллии Олмон бо касби 7 имтиёз ба марҳалаи як чаҳоруми ниҳоии ҷоми миллатҳои Аврупо яъне Евро-2024 сууд кард.
Анҷоми шиори исломӣ аз сӯи бозикунони мусулмон дар ҷараёни бозиҳои бошгоҳӣ ва миллии Аврупо дар бархе аз кишварҳо монанди Фаронса ба буҳрони бузург табдил шудааст. Мақомоти фаронсавӣ аз тасвиби қавонине барои мамнуъияти ин иқдомот ба вижа дар моҳ мубораки Рамазон хабар додаанд; иқдоме, ки ба шиддат аз сӯи гурӯҳҳои мусулмон мавриди эътироз қарор гирифт.