IQNA

Оғози барномаи омӯзишии Қуръон аз ҷавори Каъба

19:14 - June 26, 2024
рақами хабар: 1727
ИКНА - Тавлияти кулли Масҷидулҳаром ва Масҷидуннабӣ аз роҳандозии барномаи тобистонии Қуръон дар Масҷидулҳаром ба муддати 39 рӯз аз ҷавори Каъба хабар дод.

Ба гузориши Сабақ, тавлияти кулли Масҷидулҳаром ва Масҷидуннабӣ аз роҳандозии барномаи тобистоии Қуръон дар Масҷидулҳаром ба муддати 39 рӯз аз ҷавори Каъба хабар дод. Ин барнома бо шиори «Ҳамнишинӣ бо Қуръон аз ҷавори Каъба» баргузор мешавад ва аз 23 Зулҳиҷҷа шурӯъ ва то 4 Сафар идома хоҳад дошт.

Барномаи тобистонии Қуръони таҳти назари тавлияти кулли Масҷидулҳаром ва Масҷидуннабӣ ба муддати 38 рӯз баргузор мешавад. Ин барнома яке аз роҳбурдҳои муҳимми риёсати умури динии Масҷидулҳаром ва Масҷидуннабӣ аст, ки бо ҳадафи навоварӣ дар барномаҳои омӯзишӣ ва динӣ иҷро мешавад.

Тавлияти кулли Масҷидулҳаром ва Масҷидуннабӣ, аз муҳиммтарин аҳдофи иҷрои барномаи тобистонии Қуръон дар Масҷидулҳаром, пайванд додани уммати исломӣ ба вижа кӯдакон ва навҷавонон бо Қуръони Карим ва таълимоти он ва ҳамчунин омӯзиши тиловат ва ҳифзи он дар канори омӯзаҳои ахлоқӣ ва рафтории он ба манзури таҳзиби ахлоқ аст.

Илова бар ин азҷумлаи дигар коркардҳои ин барномаи Қуръони тобистонӣ, эҷод ва омӯзиши равишҳои саҳеҳи ҳифзи Қуръони Карим ва тасҳеҳи қироати он дар муҳити омӯзиши муносиб бо таваҷҷуҳ ба тафовутҳои фардӣ ва ба манзури тасаллут дар тиловат, ҳифз ва таҷвиди Қуръони Карим аст.

Барномаи тобистонии омӯзиши Қуръон ба сурати ҳузурӣ баргузор ва шомили омӯзиши тиловат, тартил ва мурур аст.

https://iqna.ir/00HihA

captcha