Ба гузориши манобеи хабарӣ, видеои тиловати Амир Иброҳимов, бозикуни тими навҷавонони Манчестер Юнайтед, бо вокуниши густурдаи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мувоҷеҳ шудааст.
Ин бозикуни Доғистонитабори тими навҷавонони Манчестер Юнайтед, дар ҳоли гузарондани таътилоти тобистонии худ дар Дубай аст.
Амир Иброҳимов рӯзи гузашта ҷумъа тасовире аз худ дар ҳоле, ки дар Дубай ва муқобили бурҷи халифа ҳузур дошт мунташир кард.
Ин навҷавонИ 16 сола ҳамчунин дар клипе, ки дар естурии Инстаграми худ мунташир карда буд, ки дар ҳоли тиловати Қуръони Карим аст. Вай дар ин видео оёти зер аз сураи муборакаи Фурқонро тиловат мекунад:
إِلَّا مَنْ تَابَ وَآمَنَ وَعَمِلَ عَمَلًا صَالِحًا فَأُولَئِكَ يُبَدِّلُ اللَّهُ سَيِّئَاتِهِمْ حَسَنَاتٍ وَكَانَ اللَّهُ غَفُورًا رَحِيمًا ﴿۷۰﴾ وَمَنْ تَابَ وَعَمِلَ صَالِحًا فَإِنَّهُ يَتُوبُ إِلَى اللَّهِ مَتَابًا ﴿۷۱﴾ وَالَّذِينَ لَا يَشْهَدُونَ الزُّورَ وَإِذَا مَرُّوا بِاللَّغْوِ مَرُّوا كِرَامًا ﴿۷۲﴾ وَالَّذِينَ إِذَا ذُكِّرُوا بِآيَاتِ رَبِّهِمْ لَمْ يَخِرُّوا عَلَيْهَا صُمًّا وَعُمْيَانًا ﴿۷۳﴾
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ савти зебо ва тасаллути вай бар аҳкоми таҷвид ва тиловати саҳеҳро сутудаанд.
Ин нахустинборе нест, ки Амир Иброҳимов видеои аз тиловати Қуръони Карим мунташир месозад. Балки ӯ пештар низ видеоҳое аз тариқи ҳисобҳои шахсии худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир сохта буд.
Иброҳимов дар як хонаводаи мусулмони англисӣ мутаваллид шудааст, ки асолатан аҳли Ҷумҳурии Доғистони Русия ҳастанд ва солҳо пеш ба Англистон муҳоҷират кардҳанд.
Иброҳимов дар ҳоли ҳозир барои тими миллии зери 15 соли Англистон низ бозӣ мекунад.
https://iqna.ir/fa/news/4223929