Теҳрон (ИКНА) ба нақл аз Ал-Иттиҳод, Попи Франсис бо ибрози хашм аз беҳурматии мукаррари муқаддасоти исломӣ чунин рафторҳоеро мардуд ва маҳкум тавсиф кард.
Раҳбари католикҳои ҷаҳон дар гуфтугӯ бо рӯзномаи Иморотии Ал-Иттиҳод гуфт: ман аз ин рафторҳо эҳсоси асабоният ва инзиҷор мекунам. Ҳар китобе, ки аз сӯи пайравонаш муқаддас бошад бояд ба эҳтироми касоне, ки ба он эътиқод доранд, мавриди эҳтиром қарор гирад.
Попи Франсис таъкид кард: озодии баён ҳаргиз набояд баҳонае барои таҳқири дигарон бошад ва иҷозадодан ба ин амр ғайриқобили қабул ва маҳкум аст.
Вай бо ишора ба инки рисолати мо табдили ҳисси динӣ ба таовун, бародарӣ ва ҳасаноти маҳсус аст, таъкид кард: ояндаи ҳамкорӣ байни адён мубтанӣ бар асли эҳтиром ба дигарӣ ва ҳақиқат аст.
Раҳбари католикҳои ҷаҳон гуфт: мо имрӯз ба созандагони сулҳ ва на созандагони силоҳ ниёз дорем. Мо ба созандагони сулҳ ва на таҳриккунандагон ба ҷанг ниёз дорем. Мо ниёз ба касоне дорем, ки оташи даргириҳоро хомӯш кунанд на касоне, ки онро шӯълавар кунанд.
Попи Франсис афзуд: мо ба мунодиёни оштӣ ниёз дорем, на онҳое, ки таҳдид ба нобудӣ мекунанд. Тамаддуни бародарона ё хусумати муртаҷеъона. (Яке аз ин ду вуҷуд хоҳад дошт). Ё ояндаро бо ҳам месозем, ё ояндаи нахоҳад буд.
Гуфтнӣ аст, як шветсияӣ ба номи Селван Момикаи, 37 сола асри рӯзи чаҳоршанбе (28 июн) ҳамзамон бо нахустин рӯз аз айёми иди Қурбон дар Стокголм, пойтахти Шветсия як нусха аз Қуръони Каримро пора кард ва онро муқобили масҷиди марказии ин шаҳр ба оташ кашид. Ин иқдом вокуниши шадиди кишварҳои исломиро ба ҳамроҳ дошт.