Теҳрон (ИКНА) ба нақл аз "Euronews.com", Гуннар Штромер, вазири додгустарии Шветсия ба рӯзномаи "Афтонбладет" чопи ин кишвар гуфтааст, ки давлат дар ҳоли баррасии эҳтимоли ғайри қонунӣ кардани қуръонсӯзӣ ва оташзадани соири кутуби муқаддас аст, зеро мавориди тозаи қуръонсӯзӣ ба амнияти Шветсия латма ворид кардааст.
Иқдоми ахири як шаҳрванди муҳоҷири ироқитабор дар оташздани нусхае аз Қуръон муқобили масҷиде дар Стокголм бо вокунишҳои густурдаи ҷаҳонӣ ҳамроҳ шуд; Ба наҳве, ки илова бар кишварҳои исломӣ, шуморе аз раҳбарон ва мақомҳои аршади давлатӣ дар ғарб ва кишварҳои ғайри мусулмон ва ҳатто Поп Франсис, раҳбари катуликҳои ҷаҳон ин иқдомро маҳкум карданд.
Ин иқдом, ки бисёре онро таҳрикомез ва нафратпароканона тавсиф карданд ҳатто аз сӯи давлати Шветсия низ бо маҳкумият рӯбарӯ шуд.
Сервисҳои амниятии Шветсия бо таваҷҷуҳ ба табаоте, ки охирин мавриди қуръонсӯзӣ дар кишварашон ба ҳамроҳ дошта чунин иқдомеро сабаби тазъифи амният дар кишваршон донистаанд.
Полиси Шветсия авоили соли ҷорӣ чандин дархости муҷаввиз барои барпоӣ тазоҳуроте, ки дар он иқдом ба қуръонсӯзӣ пешбинӣ шуда будро ба далели нигарониҳои амниятӣ рад карда буд.
Додгоҳҳои ин кишвар, аммо пас аз он бо лағви тасмими полис эълом карданд, ки мухолифат бо барпоӣ чунин рӯйдодҳое нақз қавонини ҷории ин кишвар дар заминаи озодии баён маҳсуб мешавад.
Ин дар ҳолест, ки полиси Шветсия рӯзи чаҳоршанбе эълом кард, ки дархостҳои тозаеро барои оташздани кутуби муқаддаси мазҳабӣ аз ҷумла Қуръон, Таврот ва Инҷил дарёфт кардааст.
Вазири додгустарии Шветсия рӯзи панҷшанбе дар вокуниш ба табаоти мавориди ахири қуръонсӯзӣ дар кишвараш ва гузориши сервисҳои амниятӣ гуфт, ки давлат дар ҳоли таҷзия ва таҳлили вазъият аст ва эҳтимоли тағйир дар қонунро баррасӣ мекунад.