IQNA

Дар ҷамомади уламои мусулмон дар Истамбул таъкид шуд;

Зарурати қатъи равобити дипломатик ва таҳрими иқтисодии кишварҳои тавҳингар ба муқаддасот

21:51 - July 09, 2023
рақами хабар: 193
Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусулмон маросимеро дар маҳкумияти қуръонсӯзӣ ва эъломи ҳамбстагӣ бо Фаластинёни шаҳри Ҷинин дар Истамбул баргузор ва бар зарурати қатъи равобити дипломатик ва таҳрими иқтисодии кишварҳои тавҳингар ба муқаддасоти динӣ таъкид кард.

Истамбул (ИКНА) ба нақл аз Анатолия, иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусулмон, дар эътироз ба ҳатки ҳурмати Қуръон дар Шветсия ва дар ҳимоят аз Фаластинён дар урдугоҳи Ҷинин дар Каронаи Бохтарӣ, рӯзи ҷумъа, маросими ҳамбстагӣ дар Истамбул тартиб дод.

Дар ин маросим, ки дар майдони масҷиди Ал-Фотиҳ баргузор шуд, Али ал-Қара Дағӣ, раиси ин иттиҳодия ба сухан пардохт ва гуфт: ин иттиҳодия тасмим гирифта аз доираи накӯҳиш ва маҳкумият ба самти гомҳои амалӣ ҳаракат кунем.

Вай дар суханронии худ хитоб ба созмони ҳамкории исломӣ ва давлатҳои исломӣ хост то дар ҷиҳати қатъи равобити дипломатик бо давлати Шветсия ва ҳар давлате, ки ба муқаддасоти мусулмонон беҳурматӣ кунад гомҳои амалӣ бардоранд.

Али ал-Қара Дағӣ, дар суханронии худ хостори таҳрими иқтисоди Шветсия шуд ва хотирнишон кард, ки ин гом ба ҳамроҳи эътирозоти густурдаи мардумӣ таъсири зиёде хоҳад дошт. Вай ҳамчунин бо ирсоли паёме хитоб ба ҷунбишҳои исломӣ, намояндагони маҷлис ва сиёсатмадорон, аз онон хост то аз тариқи қонунӣ мавзӯъро барои ҷурмингории иҳонт ба адён ба вижа дини Ислом ба додгоҳҳо бикашонанд.

Дар паёми севуми ин маросим бар зарурати ҳаракат ва анҷоми вазоифи уммат дар қиболи Қуръони Карим ва Паёмбар(с) ва муқаддасоти Масҷидуллақсо ва дифоъ аз мардуми Фаластин, ки аз ҳуқуқи худ дифоъ мекунанд таъкид шудааст. Паёми чаҳоруми ин маросим хитоб ба уламо ва мубаллиғони уммат буд ва ононро ба анҷоми вазоифи худ дар ҷиҳати пешрафти уммат фарохонд.

Қара Дағӣ ҳамчунин ақаллияти мусулмон дар Шветсия, Аврупо ва соири кишварҳоро мавриди хитоб қарор дод, ки вазифаи худро барои тазоҳуроти мусолиматомез ва истифода аз қавонин ва додгоҳҳои мавҷуд аз ҷумла додгоҳи Иттиҳодияи Аврупо анҷом диҳанд ва дар баробари ончи, ки таҳмил мешавад сокит ва таслим нашванд. 

Ҳамчунин охирин паёми ин маросим ба Созмони Милал ва созмонҳои байналмилалӣ буд; Муҳаммад Ас-Сағир, дабири кулли Созмони Байналмилалӣ ҳимоят аз Паёмбари Ислом аз ҳокимони исломӣ ва мардум хост то мавзеъи мутаносиб бо ҳаҷми ин ҷиноят иттихоз ва хотирнишон кард: агар ҳокимон мавзеъи муносибе иттихоз накарданд, мардум бояд аз силоҳи таҳрим истифода кунанд.

https://iqna.ir/fa/news/4153392

captcha