IQNA

Эрдўғон: Агар мусулмонон муттаҳид бошанд, ҳеҷ кас ҷуръати таҳқири муқаддасотро надорад

19:17 - July 10, 2023
рақами хабар: 197
Раиси ҷумҳури Туркия дар вокуниши дубораи худ ба қуръонсӯзӣ дар Шветсия таъкид кард: агар ҳамаи мусулмонон бо якдигар муттаҳид шаванд, касе ҷуръати таҳқири ба муқаддасоташонро пайдо намекунад.

Туркия (ИКНА) ба нақл аз Анатолия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон дирӯз шанбе тайи нутқи видеоӣ барои чиҳил ва шашумин нишасти солонаи анҷумани пизишкони Покистонитбори амрикоӣ шимолӣ бар лузуми ваҳдати кишварҳои исломӣ барои ҷилавгирӣ аз такрори иҳонатҳо ба соҳати муқаддасоти мусулмонон таъкид кард.

Раиси ҷумҳури Туркия тасреҳ кард: тааррузи шайтонӣ ба Қуръони Карим, китоби муқаддаси мо дар кишвари Шветсия дар рӯзи аввали аёми иди саиди Қурбон абъоди ваҳшатноки исломҳаросиро ошкор мекунад.

Вай бар масъулияти бузурги ҳамаи мусулмонон барои такрорнашудани чунин ҳаттокиҳое ба муқаддасоти Исломи таъкид кард ва гуфт: агар мо мусулмонон ҳамдил ва ҳамсдо шавем, ҳеҷ касе дар дунё ба худ ҷуръати ҳамла ба муқаддасоти мусулмононро нахоҳад дод.

Раиси ҷумҳури Туркия ҳамчунин Покистонро кишвари дӯсти Анқара баршумурд ва гуфт, ки равобити фавқулода байни ин ду кишвар метавонад қавитар аз қабл шавад.

https://iqna.ir/fa/news/4153728

captcha