Теҳрон (ИКНА) ба нақл аз CNN Arabic, Созмони конфронси исломӣ аз тасвиби қатъномаи Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид ба манзури тақвияти талошҳои ҷамъ барои радди беҳурматӣ ба кутуби муқаддас ва таҳаммулнопазирии динӣ истиқбол кард.
Қатъномаи "мубориза бо нафрати мазҳабӣ, ки ба манзилаи таҳрик ба табъиз, хусумат ё хушунат аст" дар панҷоҳусавимин иҷлоси шӯрои ҳуқуқи башар ба дархости гурӯҳи кишварҳои узви Созмони конфронси исломӣ дар Женева ба тасвиб расид.
Ин тасмим дар вокуниш ба иқдоми таҳрикомези беҳурматӣ ба Қуръони Карим дар теъдоде аз кишварҳои аврупоӣ ва дигар кишварҳо иттихоз шуд.
Арабистони Саудӣ низ бо судури баёнияе, ки дар хабаргузории расмии ин кишвар мунташир шуда, таъкид кард: ин иқдоми Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал, ки пас аз дархости шуморе аз кишварҳои исломӣ сурат гирифт, таҷассуме аз усули эҳтиром ба адён ва фарҳангҳои мухталиф ва ҳамчунин иртиқои арзишҳои инсонӣ аст, ки дар қавонин байналмилалӣ тазмин шудааст.
Шӯрои ҳуқуқи башар рӯзи сешанбе қатъномаеро тасвиб кард, ки дар он ҳаргуна ҳимоят ё намоиши нафрати мазҳабӣ, аз ҷумла беҳурматии умумӣ ба Қуръони Каримро маҳкум ва қавиян рад мекунад.
Ин шӯро бо 28 раъйи мувофиқ, 12 раъйи мухолиф ва 7 раъйи мумтанеъ қатъномаеро бо унвони "мубориза бо нафрати мазҳабӣ, ки ба манзилаи таҳрик ба табъиз, хусумат ё хушунат аст" тасвиб кард.
Амороти Муттаҳидаи Арабӣ низ аз ин иқдоми Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал барои мубориза бо нафрати мазҳабӣ, ки ба манзилаи таҳрик табъиз, хусумат ё хушунат аст, истиқбол кард ва бар лузуми эҳтиром ба мазоҳиб, мудоро ва ҳамзистии мусоламатомез ба унвони усули муассиртарин масир ба сӯи саодат, пешрафт ва ҳамзистӣ таъкид кард.