Ба гузориши (ИКНА) ба нақл аз гурӯҳи расонаӣ Ал-Эломул Арабӣ, дар остонаи солгарди пирӯзии Ҳизбуллоҳи Лубнон дар ҷанги 33 рӯза дар соли 2006 (набарди Таммуз) ҷунбиши муқовимати исломии Лубнон бо интишори видеои шаш дақиқаӣ мароҳили ҳамлаи муқовимат ба як мақарри ишғолгарони саҳюнистиро шабеҳсозӣ кард.
Дар баёнияе, ки Ҳизбуллоҳ дар ин хусус мунташир кард, омадааст:
بسم الله الرّحمن الرّحیم
إِن یَنصُرْکُمُ اللَّهُ فَلَا غَالِبَ لَکُمْ: "Агар Худованд шуморо ёрӣ кунад, ҳеҷ кас бар шумо пирӯз нахоҳад шуд" (Ояти 160 сураи Оли Имрон)
Муқовимати исломӣ дар солгарди пирӯзии илоҳӣ дар Таммуз 2006 (ва бо саҳнае, ки тасвире аз қудрати зиёд, ирода, омодагӣ ва барномарезиро нишон медиҳад, видеое бо унвони "Ҳеҷ кас бар шумо пирӯз нахоҳад шуд" ироа мекунад, ки мароҳили ҳуҷум ба як сайти саҳюнистӣ ва кантроли комили он тавассути муҷоҳидин ва барафроштани парчами Ҳизбуллоҳ бар рӯи деворҳо ва сафҳаи намоиши он то нобудии сайти саҳюнистӣ ва табдили он ба овор бар сари ишғолгарон ва ҳазфи он шабеҳсозӣ шудааст.