IQNA

Қуръон чӣ мегӯяд / 36

Маҳдудаи издивоҷи мусулмонон

21:50 - July 18, 2023
рақами хабар: 233
Теҳрон (ИКНА) хонавода яке аз муҳиммтарин аркони иҷтимоъ аст, ки фароянди тарбияти фарзанд ва идомаи наслҳо дар бистари он анҷом мешавад.

Ислом нисбат ба ин воҳиди иҷтимоӣ ҳассос аст ва барои он чорчубҳои мушаххасеро таъйин кардааст.

Қуръон дар бораи издивоҷ, аҳком ва қавонини густурдае дорад ва қавонини густурдае дар мавриди он баён кардааст. Яке аз ин қавонин, манъи издивоҷи мусулмон бо мушрикин (бутпарастон) аст:

وَلَا تُنْكِحُوا الْمُشْرِكِينَ حَتَّى يُؤْمِنُوا ... وَلَوْ أَعْجَبَكُمْ أُولَئِكَ يَدْعُونَ إِلَى النَّارِ وَاللَّهُ يَدْعُو إِلَى الْجَنَّةِ وَالْمَغْفِرَةِ بِإِذْنِهِ وَيُبَيِّنُ آيَاتِهِ لِلنَّاسِ لَعَلَّهُمْ يَتَذَكَّرُونَ; “Бо мушрикон ва бутпарастон, то имон наовардаанд, издивоҷ накунед! Ҳар чанд (мол ва мавқеият ва зебоӣ ӯ,) шуморо ба шигифтӣ оварад. Онҳо даъват ба сӯи оташ ме‏кунанд, ва Худо даъват ба биҳишт ва омӯрзиш ба фармони худ ме‏намояд, ва оёти хешро барои мардум равшан месозад, шояд мутазаккир шаванд! (Бақара, 221).

Муаллифи тафсири Намуна дар бораи ин оят менависад: ин оят дар воқеъ посух ба саволе дар бораи издивоҷ бо мушрикон аст. Аз ин оят мутаваҷҷеҳ мешавем, ки ҳадаф аз издивоҷ танҳо комҷӯӣ ҷинсӣ нест, зан шарики умри инсон ва мураббии фарзандони ӯст ва ними аз шахсияти ӯро ташкил медиҳад, бо ин ҳол чигуна метавон ширк ва авоқиби бади онро бо зебоӣ зоҳирӣ ва миқдори мол ва сарват, мубодила кард.

Дар поёни оят низ далели ин ҳукми илоҳиро барои ба кор андохтани андешаҳо баён мекунад, мефармояд: “Онҳо- яъне мушрикон- ба сӯи оташ даъват мекунанд, дар ҳоле, ки Худо (ва муъминоне, ки мутеъи фармони ӯ ҳастанд) даъват ба биҳишт ва омӯрзиш ба фармонаш мекунад”.

Паёмҳои оят дар тафсири Нур:

 1- Мусулмонон, ҳаққи пайванди хонаводагӣ бо куффорро надоранд. وَ لا تَنْكِحُوا

 2- Дар интихоби ҳамсар, имон асолат дорад ва издивоҷ бо куффор мамнуъ аст. وَ لَأَمَةٌ مُؤْمِنَةٌ خَيْرٌ

 3- Дар издивоҷ, фиреби ҷамол, сарват ва мавқеияти дигаронро нахуред. وَ لَوْ أَعْجَبَتْكُمْ ... وَ لَوْ أَعْجَبَكُمْ

 4- Мақом ва мол ва ҷамол, ҷойи имонро пур намекунад. وَ لَوْ أَعْجَبَكُمْ

 5- Ба заифон ва маҳрумон бо имон баҳодода ва бо онон издивоҷ кунед. لَأَمَةٌ مُؤْمِنَةٌ ... لَعَبْدٌ مُؤْمِنٌ خَيْرٌ

captcha