Ба гузориши (ИКНА), ба нақл аз "Middle East News", вазорати Ҳаҷ ва умраи Арабистон бар якпорчагии талошҳо дар чорчуби барномаи "хидмат ба меҳмонони Худо" ба манзури ироаи беҳтарин хадамот ва имкони умрагузорӣ бештарин теъдоди мусулмонон таъкид кард.
Ин вазоратхона эълом кард: касоне, ки аз хориҷи Арабистон барои анҷоми умра ва зиёрати Масҷидуннабӣ(с) меоянд, метавонанд барои тасҳили мароҳили вуруд, хизматрасонӣ ва хадамоти ҳамлу нақл тавассути платформаи Nask, дархости судури визои электроникӣ ироа кунанд.
Гуфтнӣ аст мавсими Ҳаҷҷи 1444 ҳиҷрии қамарӣ авоили июл ба поён расид.