Ба гузориши (ИКНА) ба нақл аз пойгоҳи хабарии "Русия Ал-Явм", маркази исломии Ал-Азҳар бо судури баёнияе, иқдомоти таҳрикомези Шветсия дар ҳаққи муқаддасоти исломӣ, таҳти шиори дурӯғини "озодии баёнро" ба шиддат маҳкум кард ва аз кишварҳои арабӣ ва исломӣ хост, ки колоҳои Шветсияро таҳрим кунанд.
Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид низ шомгоҳи панҷшанбе дар дидор бо намояндагони Созмони ҳамкори исломӣ, хушунат ва иқдомоти исломҳаросонаро маҳкум ва эълом кард, ки бо ҷомеаи мусулмон ҳамбстагӣ дорад.
Дар баёнияи катбие, ки сухангӯи Созмони Милал мунташир карда, ишора шудааст, ки Гутерриш бо аъзои Созмони ҳамкории исломӣ дар сохтумони Созмони Милал дар Нию-Йрк дидор кардааст.
Раиси Иттиҳодияи уламои мусулмон дар устони "Диёлаи" Ироқ гуфт, ки се созмони саҳюнистии соҳиби нуфуз дар Шветсия, аз ҷинояти оташзадани Қуръони Карим ҳимоят мекунанд то аз ин тариқ, фитнаафрӯзӣ кунанд.
Созмони ҳамкории исломӣ низ бо шадидтарин иборатҳо, иҳонат ба Қуръони Карим дар муқобили сафорати Ироқ дар Шветсияро маҳкум кард.