IQNA

Афзоиши исломҳаросӣ ва тавҳин ба мусулмонон дар Англис

15:14 - July 24, 2023
рақами хабар: 253
Як пажӯҳиши ҷадид бо унвони "даҳсол нафрат аз мусулмонон" аз афзоиши нигаронкунандаи исломҳаросӣ дар Англис тайи 10 соли ахир хабар медиҳад.

Ба гузориши (ИКНА) ба нақл аз Ал-Ҷазира, созмони "Tell Mama UK" дар пажӯҳише, ки ахиран мунташир кардааст, таъкид кард, ки шеваҳои нафратпароканӣ алайҳи мусулмонон ба шакле солиёна дар Англис афзоиш ёфтааст.

Ин созмон эълом кард дар даҳаи гузашта беш аз 20 ҳазор гузориш аз ашхос дар бораи ҳаводиси исломҳаросие, ки бо он мувоҷеҳ будаанд, дарёфт шуд ва ин созмон беш аз 16 ҳазор аз ин мусулмононро, ки бо нафратпароканӣ ва таассуб мувоҷеҳ шудаанд, мавриди ҳимоят қарор додааст.

Бино ба гузориши "Tell Mama UK", дар соли 2012, 584 гузориши исломҳаросӣ сабт ва мустанад шудааст ва дар соли 2021 ин теъдод ба 1212 ҳодиса расидааст; Ҳамчунин ба далели маҳдудитяҳои пас аз корона, нафратпароканӣ алайҳи мусулмонон дар интернет ривоҷи бештаре доштааст ва дар 2020 бештарин омори исломҳаросӣ интернитӣ сабт шуд.

Аз замони рӯи кор омадани "Риши Сунак", нахуствазири ҳиндтабори Англис низ, тарс аз афзоиши табъиз алайҳи мусулмонон афзоиш ёфта ва мухолифон ва афкори умумӣ, ба далели гуфтумони табъизомези "Риши Сунак" алайҳи мусулмонон ва муҳоҷирини ғайри низомӣ ва иртиботдодани Ислом ва терроризм, вайро ба шиддат мавриди интиқод қарор додаанд.

Гуфтнӣ аст, мусулмонон дар панҷ шаҳри Англис аз ҷумла Бирмингем, Бредфорд ва Манчестер, сокин ҳастанд ва беш аз 250 масҷид дар ин кишвар вуҷуд дорад.

https://iqna.ir/00HRas

captcha