
Ба гузориши “ИКНА” ба нақл аз хабаргузории русии “Новости”, “Константин Шевченко”, вазири адлияи Русия рӯзи якшанбе, 21 май дар бораи муҷозоти ҷинояткоре, ки ба сӯзондани Қуръони Карим дар муқобили масҷиде дар Волгоград эътироф карда буд, изҳори назар кард.
Константин Шевченко гуфт: фарде, ки ба сӯзондани Қуръон ба дастури сервиси иттилооти Украина эътироф кард, бояд пас аз судури ҳукм, дар зиндоне дар яке аз манотиқи Русия, ки аксарияти он мусулмон ҳастанд, маҳкумияти худро бигузаронад.
Вазири адлияи Русия афзуд: инки муттаҳам пас аз судури ҳукми қазоӣ алайҳи вай дар зиндоне дар яке аз манотиқи Русия, ки аксарияти ҷамъияти он мусулмон ҳастанд, даврони ҳабси худро сипарӣ кунад, ба ӯ ёд медиҳад, ки чигуна бояд ба адён ва эҳсосоти динии муъминон дар кишварамон, ки як кишвари соҳиби шаҳрвандони кишвари чанд миллиятӣ ва чанд динӣ аст, эҳтиром гузошт.
Вай таъкид кард, ки муттаҳам ба таври амдӣ дар малаи ом ва дар наздикии масҷиди бузурги Волгоград қасди тавҳин ба эҳсосоти мазҳабии мӯъминонро доштааст.
Дар 19 май як клипи видеоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шуд, ки дар он марде дар ҳоли сӯзондани нусхае аз Қуръон дар муқобили масҷиде дар минтақаи Волгогради Русия аст, ки дар натиҷа кумитаи таҳқиқоти Русия як парвандаи ҷиноӣ алайҳи вай ба иттиҳоми тавҳин ба эҳсосоти мӯъминон боз кард.
Як рӯз баъд, муҷрим дастгир ва маълум шуд ӯ яке аз сокинони маҳаллии Волгоград буда, ки дар ҷараёни бозҷӯӣ эътироф кард ба дастури сервиси иттилооти Украина ва дар изои дарёфти 10 ҳазор рӯбл ҳозир ба иртикоби ин ҷурм шудааст.
Бозрасони русӣ таъкид карданд дар сурати муҷрим шинохта шудани “Никита Журавел” ба иттиҳоми тавҳин ба дини мубини Ислом, вай бо ҳаддиаксар се сол зиндон рӯбарӯ хоҳад шуд.