IQNA

Вуруди нахустин гурӯҳи ҳоҷиёни 2023 ба сарзамини ваҳй

14:11 - May 23, 2023
рақами хабар: 27
Вуруди нахустин гурӯҳи ҳоҷиёни 2023 ба сарзамини ваҳй
Вазорати ҳаҷҷи Арабистон аз вуруди нахустин гурӯҳи ҳоҷиёни 2023 (1444 ҳиҷрии қамарӣ) ба ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши “ИКНА” ба нақл аз “Арабӣ 21”, вазорати ҳаҷҷи Арабистон дар Твитер эълон кард нахустин гурӯҳи ҳоҷиёни 1444 вориди Арабистон шудаанд.

Ин вазоратхона бидуни тавзеҳи бештар аксҳое аз ин гурӯҳ дар Твитер мунташир кард, ки либоси сафед бар тан доранд ва эҳсоси шодмонӣ дар чеҳраи онон дида мешавад.

Хабаргузории Арабистон низ дар ин бора гузориш дод: нахустин гурӯҳи зоирони ҳаҷ аз тариқи тарҳи “Масири Макка” дирӯз якшанбе аз Бангладеш ба фурудгоҳи байналмилалии “Малик Абдулазиз” дар Ҷида расида ва вориди сарзамини ваҳй шуданд ва ин гурӯҳ аз фурудгоҳи “Ҳазрати Шоҳ Ҷалол” дар Дакка озими Арабистон буданд.

Гуфтнӣ аст, тарҳи “Масири Макка” аз тарҳҳои вазорати кишвари Арабистон аст, ки бо ҳадафи анҷоми ташрифоти марбут ба ҳузури зоирон дар ҳаҷ аз замони оғози сафар аз кишварҳояшон то замони расидан ба Арабистон ва макони иқоматашон иҷро мешавад.

Тавфиқ Рабиа, вазири ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ феврали гузашта дар конфронси матбуотӣ эълон кард, ки пешбинӣ мешавад, ки ин кишвар беш аз 2 миллион зоирро тайи мавсими ҳаҷ дар соли 2023 пазироӣ кунад.

https://iqna.ir/fa/news/4142558

 

captcha