IQNA

Фиристодани 20 ҳазор нусха аз Қуръон барои намоиш дар роҳпаймоӣ Ошӯрои Лондон

18:06 - July 28, 2023
рақами хабар: 272
Остони муқаддаси Ҳусайнӣ эълом кард, ки 20 ҳазор ҷилд аз Қуръони Каримро ба Англис фиристодааст то ширкат кунандагон дар роҳпаймоӣ рӯзи Ошӯро дар Лондон онро ба гардан овезанд.

Ба гузориши (ИКНА) ба нақл аз хабаргузори Ироқи Нун, Сайид Зиёуддин, муовини дабири кулли Остони муқаддаси имом Ҳусайн(а) эълом кард, ки 20 ҳазор ҷилд аз Қуръони Карим ва як парчами мутабаррик ба ҳарами Имом Ҳусайн(а) ба тӯли 120 метр ба фурудгоҳи Хитроуи Лондон расидааст.

Вай афзуд: ширккунндагон дар роҳпаймоӣ Ошӯрои Лондон ин Қуръонҳоро ба шакли медале бар гардани худ хоҳанд овехт онҳо бо сар додани шиори иқдоми террористӣ ба соҳати муқаддаси китоби Худо ва муқаддасоти исломӣ аз сӯи аносири муздурро маҳкум хоҳанд кард ва аз ниҳодҳои байналмилалӣ мехоҳанд қонуни ҷурм тнгории тавҳин ба муқаддасотро тасвиб кунанд.

Сайид Зиёуддин гуфт: роҳпаймоӣ Ошӯрои Лондон бо ҳузури густурдаи мардум аз майдони Марвел маркази Лондон оғоз хоҳад шуд ва бо убур аз хиёбони машҳури Оксфорди Лондон тайи панҷ то шаш соат то майдони маъруфи "Биг" идома хоҳад дошт.

Ин мақоми Остони Ҳусайнӣ таъкид кард: дар роҳпаймоӣ Ошӯрои дифоъ аз Қуръони Карим дар Лондон тайфҳое аз миллиятҳо ва фарҳангҳои мухталиф чи мусулмон ва ғайра ба ёди воқеа Карбалои Муалло ва шаҳодати Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) ва дар тақбеҳи иқдоми нангин ва хасмона алайҳи муқаддасоти инсонии исломӣ ва Қуръони Карим ширкат хоҳанд кард.

https://iqna.ir/fa/news/4158199

captcha