Рӯзномаи англисии Таймс дар як гузориши такондиҳанда ба вазъи вайронгаронаи Навори Ғазза пардохта, ҳаҷми бесобиқаи хисорот ва мушкилоти барқарорсозии ин минтақаро баррасӣ кардааст. Ин гузориш нишон медиҳад, ки бозсозии Ғазза бо вуҷуди беш аз 50 миллион тонна хароба ва хароҷоти тахминии 80 миллиард долларӣ, як мушкили азим ва хеле душвор аст, ки солҳои зиёдро талаб мекунад.
Омори такондиҳанда аз вайрониҳо
Тибқи оморҳои нашршуда, ҳаҷми харобаҳои боқимонда аз ҳамалоти режими палид ва кӯдаккуши Исроил ба Навори Ғазза, аз ҷанги Украина хеле бештар аст ва ин миқдор 17 маротиба бештар аз ҷангиҳо дар дигар минтақаҳо аз соли 2008 то имрӯз аст. Таймс изҳор кардааст, ки ду се ҳиссаи заминҳое, ки фаластиниён дар онҳо зиндагӣ мекарданд, пурра хароб шудаанд ва тоза кардани ин минтақа аз харобаҳои боқимонда аз ҳамлаҳо беш аз 14 солро мегирад.
Таъхир дар бозсозии манзилҳо ва зербиноҳо
Хабарҳо ҳокӣ аз он аст, кит, ки бозсозии манзилҳои вайроншуда режими палид ва кӯдаккуши саҳюнистӣ дар Навори Ғазза метавонад то соли 2040 идома кунад. Зербиноҳои ҳаётии муҳим, аз ҷумла беморхонаҳо, мактабҳо, шабакаҳои обу барқ, роҳҳо ва шабакаҳои иртиботӣ пурра нобуд шудаанд. Барқарорсозии ин зербиноҳо ниёз ба замон, манбаъҳои бузурги молиявӣ ва дастгирии васеи байналмилалӣ дорад.
Абъоди инсонии фоҷиа
Илова ба хисороти моддӣ, абъоди инсонии ин фоҷиа низ хеле густурда аст. Бар асоси ин гузориш, теъдоди шаҳидони фаластинӣ дар Навори Ғазза аз 46 ҳазор нафар гузаштааст. Ин омор занон, кӯдакон ва пиронсолонеро дар бар мегирад, ки қурбони ҳамлаҳои бераҳмонаи Исроил шудаанд. Ҳаёти миллионҳо нафар таҳти таъсири ин ҷиноятҳо қарор гирифта, оилаҳои зиёде овора ва бесарпаноҳ шудаанд.
Мушкилоти бозсозӣ ва зарурати ҳамбастагии ҷаҳонӣ
Барқарорсозии Ғазза бо таваҷҷуҳ ба шароити кунунӣ, ниёз ба иқдомоти фаврӣ ва ҳамоҳангии густурда дар сатҳи байналмилалӣ дорад. Кишварҳои ҷаҳон бояд на танҳо дар таъмини молӣ ва пешниҳоди кумакҳои башардӯстона саҳм гузоранд, балки бо мавқеъгириҳои қатъӣ алайҳи ҷиноятҳои Исроил, аз такрори ин фоҷиаҳо ҷилавгирӣ кунанд.
Навори Ғазза имрӯз рамзи захмҳои амиқи миллати Фаластин аст, ки дар баробари ҷиноятҳои саҳюнистҳо муқовимат мекунанд. Ҳаҷми вайрониҳо ва харобаҳои боқимонда аз ин ҳамлаҳо нишон медиҳад, ки ин ҷиноятҳо ба таври созмонёфта ва барномарезишуда анҷом шудаанд. Ҳадафи онҳо на танҳо тахриби хонаҳо ва зербиноҳо, балки аз байн бурдани рӯҳия ва умеди мардуми Фаластин аст. Бозсозии ин минтақа танҳо бо ҳамбастагии ҷаҳонӣ имконпазир хоҳад буд.
https://tajikpress.com/2025/01/17/