IQNA

Сураҳои Қуръон / 43

Баёни ҷойгоҳи сабти тамоми иттифоқот дар сураи Зухруф

17:53 - July 29, 2023
рақами хабар: 278
Теҳрон (ИКНА) Худованд аз тамоми иттифоқот ва рӯйдодҳо, иттилоъ дорад ва дар айни ҳол ба инсонҳо ихтиёр додааст то сарнавишти худро рақам бизананд. Ба баёни Сураи Зухруф, ҷойгоҳе вуҷуд дорад, ки тамоми иттифоқот ва рӯйдодҳои гузашта ва оянда дар он сабт шудааст.

Чиҳилу севумин сураи Қуръони Карим, “Зухруф” ном дорад. Ин сура бо 89 оят дар ҷузъи 25 Қуръони Карим ҷой гирифтааст. Сураи Зухруф аз сураҳои макӣ аст, ки дар тартиби нузул, шасту севумин сурае аст, ки бар Паёмбари Ислом (с) нозил шудааст.

Номи ин сура аз вожаи Зухруф ба маънои зар ва зевар дар ояти 35 гирифта шудааст. Ин вожа ишора ба беарзишии дунё ва масоили дунявӣ дорад.

Ин сура дар бораи аҳамияти Қуръон ва набуввати Паёмбар(с), бархе далоили тавҳид ва мубориза бо ширк сухан мегӯяд ва саргузашти бархе аз Паёмбарони пешин ва ақвоми ононро баён мекунад. Бинобар бархе китобҳои тафсирӣ, меҳвари аслии ин сура, инзор ва ҳушдор ба инсон аст.

Дар ибтидои ин сура аз аҳамияти Қуръони Маҷид ва набуввати Паёмбари Ислом(с) ва бархурди номуносиби афроди нодон дар баробари ин китоби осмонӣ сухан мегӯяд.

Қисмате аз далоили тавҳид ва неъматҳои гуногуни Худовандро бар инсонҳо бармешумурад. Ҳамчунин бар масъалаи мубориза бо ширк ва нафйи нисбатҳои нораво ба Худованд ва мубориза бо тақлидҳои кӯркӯрона ва хурофот таъкид мекунад ва дар ин робита ба саргузашти Анбиёи пешин аз ҷумла ҳазрати Иброҳим(а), ҳазрати Мӯсо(а) ва ҳазрати Исо(а) мепардозад.

Масъалаи маод ва подоши мӯъминон ва сарнавишти бади куффор матраҳ шудааст. Ҳамчунин ишора дорад ба арзишҳои ботиле, ки ҳоким бар афкори афроди беимон буда ва ҳаст, ки ба хотири ин арзишҳои беасос дар арзёбии худ дар бораи масоили муҳимми зиндагӣ гирифтори анвоъи иштибоҳ мешаванд.

Яке аз масоиле, ки дар ин сура ба он ишора шуда ҷойгоҳе аст, ки бо ановини “Уммулкитоб” ва “Лавҳи маҳфуз” матраҳ шудааст. “Уммулкитоб” дар се сураи Оли Имрон, Раъд ва Зухруф омадааст. Дар бархе ривоёт, “Уммулкитоб” бар ҳамаи Қуръон, ва дар бархе бар сураи мубораки Ҳамд итлоқ шудааст.

“Лавҳи маҳфуз” низ ҷойгоҳе аст, ки тамоми иттифоқоти ҷаҳон дар он сабт шудааст. Ин иттифоқот, ҳамроҳ бо ҷузъиёти комил аст ва ба ҳеҷ ваҷҳ қобили тағйир ва дигаргунӣ нест. Ҷинси ин китоб маълум нест, ҳарчанд қатъан аз ҷинси китоби коғазӣ ва модӣ нест.

captcha