IQNA

Эътирозот дар сарзаминҳои ишғолӣ, табъиз алайҳи фаластиниҳо

19:08 - July 30, 2023
рақами хабар: 284
Фишор барои тасвиби лоиҳаи бознигарии қазоӣ, ки моҳҳо дар ҳоли баррасӣ аст, ҳазорон Исроилиро ба хиёбонҳо кашондааст, дар ҳоле, ки ишғоли сарзаминҳои Фаластин тавассути Исроил ба нудрат дар Кнессет мавриди интиқод қарор гирифта ва бисёре аз барномаҳо бидуни таваҷҷуҳ ба ин мавзӯъ тасвиб шуда ва ҳамчунон шаҳрвандони Фаластинии сокини сарзаминҳои ишғолӣ ва Қудси Шарқӣ, Каронаи Бохтарӣ ва Навори Ғазза таҳти султа ва табъиз ҳастанд.

Ба гузориши (ИКНА) ба нақл аз Алҷазира, тасвиби лоиҳаи қонунӣ тавассути парлумони Исроил ё Кнессет, ки ин ҳафта сурат гирифт ва ихтиёроти девони олиро маҳдуд мекунад, мухолифатҳои дохилӣ ва ҳатто дархостҳои байналмилалӣ аз Бенёмин Нетанёҳу, нахуствазири ва давлати рости ифротии ӯро барои баррасии муҷаддад ба ҳамроҳ доштааст.

Фишор барои тасвиби ин лоиҳаи қонунӣ, ки моҳҳо дар ҳоли баррасӣ аст, ҳазорон Исроилиро ба хиёбонҳо кашондааст, мухолифон, фарохони ҳифозат аз демокрасӣ сар дода ва бар ин боваранд, ки давлати кунунӣ ва кантроли он бар Кнессет, нишонаи хурӯҷ аз ҳинҷорҳои демокрасии парлумони Исроил аст.

Фаластиниҳо мумкин аст назари мутафовите дошта бошанд. Ишғоли сарзаминҳои фаластинӣ тавассути Исроил ба нудрат дар Кнессет маврид интиқод қарор мегирад. Дар иваз, бисёре аз қавонин бидуни таваҷҷуҳ ба ин мавзӯъ тасвиб мешаванд ва ҳамчунон шаҳрвандони Фаластинӣ сокини зарзаминҳои ишғолӣ ва ҳамчунин сокинони Қудси Шарқӣ, Каронаи Бохтарии Ишғолӣ ва Навори муҳосира шудаи Ғаззаро таҳти султа ва табъиз қарор медиҳанд.

Сори Башӣ (Sari Bashi), мудири барномаи дидабони ҳуқуқи башар, дар ин бора гуфт, ки қавонини Исроил табъизи нажодӣ алайҳи шаҳрвандони фаластинӣ дар сарзаминҳои ишғолиро мудавван ва имтиёзи ниҳоди яҳудиёнро нисбат ба Фаластиниҳо тасҳил мекунад.

Рӯзи сешанбе, Кнессет, қонунеро дар соли 2010 густариш дод, ки ба масъулони шаҳрӣ иҷоза медиҳад мутақозёнеро, ки барои сохтори иҷтимоӣ ва фарҳангии худ номуносиб медонанд, рад кунанд.

Дар июли 2018 низ, Кнессет ба тасвиби қонуне раъй дод, ки Исроилро ба унвони хонаи миллии мардуми яҳуд бо забони ибрӣ ба унвони забони расмӣ ва Байтулмуқаддасро аз ҷумла бахши шарқие, ки ғайриқонунӣ ишғол шудааст ба унвони пойтахти он [Ерусалим] таъриф мекунад.

Дар июли 2022, додгоҳи олии Исроил ҳукм дод, ки давлати Телавив метавонад тобеияти афродро ба далели ҷароиме, ки мунҷар ба нақзи вафодорӣ мешавад, лағв кунад ва ин созукорҳои қонуниро барои режими саҳюнистӣ фароҳам мекунад то шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи асосии Фаластиниёнро салб ва пас аз бешаҳрвандӣ, онҳоро ихроҷ кунад.

https://iqna.ir/fa/news/4158955

captcha