Ба гузориши (ИКНА), Аҳмад Тайиб, шайхи Ал-Азҳар аз Оятуллоҳ Ризо Аърофӣ, роҳбари ниҳодҳои илмии Эрон ба далели мавзеъгирӣ дар радди беҳурматӣ ба Қуръон дар теъдоде аз кишварҳои аврупоӣ ташаккур кард.
Дар баёнияи Шайхи Ал-Азҳар дар ин замина омадааст, ки вай ибрози умедворӣ кард, ки ҳодисаи ғайри инсонӣ ва ғайри мутамаддинонаи қуръонсӯзӣ, ангезаи бузурге барои аз байн бурдани ихтилофот ва боиси ваҳдати мусалмонон дар шарқу ғарби ҷаҳон бошад ва онон битавонанд дар баробари мушкилоте, ки амнияту муқаддасоти ононро ҳадаф қарор додааст, биистанд.
Аҳмад Тайиб ҳамчунин бар азму иродаи худ барои баргузарии гуфтугӯи исломӣ миёни уламои дини Ислом дар ҷаҳон бо вуҷуди ихтилофи мазоҳиб, фирқаҳову макотибашон таъкид кард то ваҳдат ва ошноӣ ба вуҷуд ояд ва авомили фитна, тафриқа ва ихтилоф аз байн биравад.
Вай ҳамчунин таъкид кард, ки дар ростои вазифаи худ дар ҳимоят аз дину муқобила бо иҳонатҳо, доиман рафтори касонеро, ки ба мусалмонон ва муқаддасоти онон беҳурматӣ мекунанд, таҳти назар дорад.
Ал-Азҳар ҳамчунин як бори дигар аз ҳамаи миллатҳои арабӣ ва исломӣ таҳрими истеҳсолоти Шветсия ва Дания бо ҳадафи ёрии китоби Худо ва ҳимоят аз Қуръони Каримро хостор шуд.
Қобили зикр аст, ки Оятуллоҳ Ризо Аърофӣ дар пайи беҳурматӣ ба Қуръони Карим бо ирсоли номае ба Шайхи Ал-Азҳари зимни ташаккур аз мавзеи вай, хостори иқдоми ҷаддии кишварҳои исломӣ алайҳи Шветсия ва Дания шуда буд.
Аърофӣ дар ин нома таҳрими колоҳои кишварҳои Шветсия ва Дания ва бознигарӣ дар равобит бо онҳо, иқдоми ҳамоҳангу ҳатмии ҳамаи кишварҳо барои бархӯрди ҷиддӣ бо кишвари Шветсия ва кишварҳои мушобеҳ, иҳтимом ба танзиму тасвиби тарҳ ё қонуни байналмилалӣ аз сӯи маҷомеи байналмилалӣ ва давлатҳои исломӣ барои ҷилавгирӣ аз мавориди мушобеҳ ва талош барои анҷоми гуфтугӯи муштараки илоҳӣ ва тавҳидӣ бар асоси омӯзаҳои Ислом ва адёни илоҳиро аз ҷумлаи авлавиятҳои ҳамаи давлатҳо, маҷомеи илмии динӣ ва миллатҳои мусалмон донист.
Вай ҳамчунин бо ишора ба омодагии ниҳодҳои илмии кишвараш барои ҳагӯна ҳамкорӣ ва ҳамроҳии муносиб, навишт: ҷойгоҳи барҷастаи кишвари Миср ва ниҳодҳои динӣ ва илмӣ, ба вижа Ал-Азҳари шариф ҷойгоҳе фахрӣ ва таъйинкунанда ва илҳомбахш хоҳад буд.