IQNA

13:10 - May 24, 2023
рақами хабар: 30

Иштироки зоирони Масҷидуннабӣ дар бофтани пардаи Каъба

Ҷамъе аз зоирони Масҷидуннабӣ дар маросими бофтани пардаи Каъба мушорикат карданд.

Иштироки зоирони Масҷидуннабӣ  дар бофтани пардаи Каъба

Ба гузориши “ИКНА”, ба нақл аз вебгоҳи “Ал-Арбия”, ҷамъе аз зоирони Масҷидуннабӣ  дар бофтани пардаи Каъба мушорикат карданд.

Дар ин робита намояндагии созмони умури намоишгоҳҳо дар Масҷидулҳаром бо ҳамкории идораи умури намоишгоҳҳо ва музейҳои Масҷидуннабӣ  иқдом ба баргузории намоишгоҳе дар наздикии Масҷидуннабӣ  ва бо мавзӯъи Каъба ва пардаи он карданд.

Дар ин намоишгоҳ абзорҳое, ки аз он барои шустшӯи Каъба истифода мешавад, тиккаҳое аз пардаи Каъба ба намоиш гузошта шуда буд, ки қидмати бархе аз онҳо ба беш аз 30 сол мерасид. Зимни инки филмҳое ҳам бо мавзӯъи чигунагии таҳия ва бофтани пардаи Каъба ба намоиш даромад.

Дар ин намоишгоҳ ҳамчунин ба боздидкунндагон иҷоза дода шуд то ҷузъиёти марбут ба пардаи Каъбаро мушоҳида карда ва аз тариқи имконоти фанние, ки дар ихтиёри онҳо қарор мегирифт дар раванди бофтани он мушорикат дошта бошанд.

Корхонае, ки пӯшиши хонаи Худоро таҳия мекунад, аз бофтҳои дастӣ ва мошинӣ, ҳамчунин афроди мутахассис дар ин мавриди хос баҳра мебарад, бар рӯи ин пӯшиш оёти Қуръони Маҷид бо хатти зебо ва ба шакли ҷолиби бо риштаҳои тиллоӣ ва нуқра бофта мешавад.

Ҷинси он аз абрешими табиӣ ва холис ва ба ранги мишкӣ аст.

https://iqna.ir/fa/news/4142733

captcha