IQNA

Таҷлил аз духтари мисрии ҳофизи Қуръон ва аҳодиси набавӣ

14:18 - May 24, 2023
рақами хабар: 32
Таҷлил аз духтари мисрии ҳофизи Қуръон ва аҳодиси набавӣ
Маркази исломии “Ал-Азҳар”, аз духтари навҷавони мисрии ҳофизи кулли Қуръон, ки дар мусобиқоти чолиши мутолиа дар сатҳи Миср ба унвони намояндаи “Ал-Азҳар” ширкат карда ва муваффақ ба касби мақоми аввал ва ҳифзи беш аз 6 ҳазор ҳадиси набавӣ ва беш аз ҳазор байт шеъри арабӣ шудааст, таҷлил кард.

Ба гузориши “ИКНА” ба нақл аз “Қоҳира 24”, “Фотима Ал-Бандарӣ”, духтари навҷавони мисрӣ, ки дар мусобиқоти чолиши мутолиа дар сатҳи Миср ба унвони намояндаи “Ал-Азҳар” ширкат карда ва муваффақ ба касби мақоми аввал шуд, дар гуфтугӯи телевизионӣ эълом кард: аз 3 солагӣ шурӯъ ба ҳифзи Қуръон кардам ва дар 4 солагӣ муваффақ ба ҳифзи кулли Қуръон шудам, ҳамчунин дар 13 солагӣ ҳифзи Қуръони Карим бо ривоятҳои даҳгонаро ба поён расондам.

Ин духтари навҷавони мисрӣ, ки акнун дар мадориси мактабҳои миёнаи вобаста ба Ал-Азҳар таҳсил мекунад дар идома афзуд: дар мусобиқоти саросарии китобхонӣ ва ҳифзи мутуни исломӣ мақоми аввалро дар сатҳи устон касб кардам ва токунун муваффақ ба ҳифзи беш аз 6 ҳазор ҳадиси набавӣ ва беш аз ҳазор байт шеъри арабӣ шудаам. Вай рамзи расидан ба ин вазъиятро назм ва сомондҳии вақтҳои рӯзонаи худ тавсиф кард.

"Фотима Ал-Бандарӣ" пештар низ тавониста буд, мақоми аввал дар мусобиқоти "китобхонӣ"-ро низ касб кунад, ин мусобиқа аз сӯи Ал-Азҳар ва бо ҳадафи ташвиқи насли наврас ба ҳифзи мероси исломӣ дар қолаби мутун баргузор мешавад.

استعداد خارق‌العاده دختر نوجوان مصری در حفظ و مطالعه قرآن و متون اسلامی

Вай пештар мақоми нахусти мусобиқоти китобхонии ҷаҳони Араб дар Дубайро низ касб карда буд ва дар он замон аз сӯи намояндаи Ал-Азҳар мавриди таҷлил ва қадрдонӣ қарор гирифт.

https://iqna.ir/fa/news/4142573

captcha